Як манбаъ ба АИ “АП” хабар додааст, ки директори барканоршудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон шабакаи телевизионии “Тоҷикистон”-ро барои бӯҳтон заданаш ба суд додааст.
Ин шабака як тӯйи бодабдабаеро намоиш дода, онро ба Назарзода, ки фарзандашро хонадор кардааст, рабт дода буд. Аризаи Назарзода аз болои шабакаи телевизионӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ворид шудааст. Худи Назарзода аз шарҳи ин қазия худдорӣ кардааст, менависад “АП”.
Раиси суди Исмоли Сомонӣ Ғайрат Сангинзода ба ин агентӣ гуфтааст, ки дар ин бора чизе гуфтан наметавонад, зеро “агар чизеро шарҳ диҳад, ӯ фикр мекунад, ки ба ӯ хусумате дорад”. Раиси суд ворид шудани аризаи даъвогиро на тасдиқ кардаасту на рад.
Директори муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода бо амри Президент Эмомалӣ Раҳмон аз 15-уми августи соли 2017 аз вазифааш озод карда шуда буд. Гуфта мешуд, ки ӯро барои риоя накадани Қонуни танзим дар тӯйи хонадоршавии фарзандаш аз вазифа барканор кардаанд. Худи Назарзода ин ҳамаро тӯҳмат хонда, ба хонандагони саҳифаҳои иҷтимоии интернет муроҷиат кард, ки ӯ қонунро нақз накардааст. Масъули тӯй ҷониби арӯс будааст ва онҳо меҳмононро даъват кардаанд.