Номзад ба мансаби президенти Русия дар интихоби моҳи марти соли 2018 Ксения Собчак дар нишасти матбуотии 24-уми октябрии худ гуфт, ки Русия дар кори ҳамроҳ кардани Қрим ба ҳудуди худ тафоҳумномаи Будапештро сарфи назар кард. Собчак ин иддаоро дишаб низ дар барномаи телевизионии Андрей Малахов «Прямой эфир» дубора таъкид кард.

«Мувофиқи тафоҳумномаи Будапешт Қрим ҳудуди Украина аст. Мо (Русия) зери ҳарфи худ рафтем ва тафоҳумномаи Будапешт аз соли 1994-ро сарфи назар кардем. Мо ваъда кардем ва мо ин ин ваъдро иҷро накардем», – гуфт Собчак ва илова кард, ки мушкилоти ин нимҷазира ба муҳокима ва расидан ба тавофуқе ниёз дорад.

Котиби матбуоти Кремл Дмитрий Песков дар ҷавоби ин изҳороти Ксения Собчак гуфт, ки «Қрим ҷузъи ҷудонашавандаи Федератсияи Русия аст. Ин баёния шаклан ва моҳиятан нодуруст аст. Баҳси нимҷазира бо ҳеч кас ва ба ҳеч вачҳ ба миён гузошта нахоҳад шуд».

Тафоҳумномаи Будапешт 5-уми декабри соли 1994 қабул шудааст, ки дар он сухан дар бораи кафолати амниятӣ вобаста ба ҳамроҳ шудани Украина ба Созишномаи густариш надодани силоҳи ҳастаӣ меравад. Онро намояндагони Русия, Украина, ИМА ва Британияи Кабир имзо кардаанд. Мувофиқи ин ёддошт Украина дар ивази кафолати амниятӣ аз мақоми давлате, ки силоҳи ҳастаӣ дорад, даст мекашад.   

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь