2-юми августи соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Деваштич маҳфили ширу шакари шоири ҷавон ва зодаи ҳамин ноҳия Бузургмеҳри Баҳодур таҳти унвони “Соати модари ман хуршед аст” баргузор гардид.

Дар ин маҳфил шоирону адибон, олимон, овозхонҳон ва рӯзноманигорони варзида ба монанди Латофат Кенҷаева, Раънои Зоирдухт, Анзурати Маликзод, Маҳмадулло Табарӣ, Ҷовиди Аштӣ, Субҳони Рабизод, Дамирбек Олимов ва дигарон ширкат варзиданд. Аз ҷониби иштирокчиён ба эҷодиёти Бузургмеҳри Баҳодур баҳои баланд дода шуд.

Дар маҳфил на танҳо шеър, балки сурудхонӣ низ буд. Дамирбек Олимов, яке аз чеҳраҳои намоёни санъати тоҷик, бо ҳузури худ табъи иштирокдорони маҳфилро болида гардонид.

Чуноне иштирокдорони маҳфил ва шахсони собиқадори ноҳия мегӯянд, то ба имрӯз чунин маҳфили пурфайзу сербинандаро дар ноҳия ёд надоранд.

Соҳибназар Эгамназаров, раиси бахши ноҳиявии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ба баргузории маҳфил ва ҳунари волои Бузургмеҳри Баҳодур баҳои баланд дода, чунин гуфт: “Маҳфили шеъри Бузургмеҳр маҳфиле буд, ки дар тӯли 30 соли Истиқлол дар ноҳия ин хелашро надида будем”.

Адиба Ҳабибова, яке аз иштирокчиёни маҳфил, пешниҳод кард, ки чунин маҳфилҳо дар ноҳия зиёд ба роҳ монда шаванд.

– Бисёр мехостем, раиси ноҳия, муҳтарам Ашӯралӣ Ҷалилзода, ки ҳамеша андешаҳои аҳли қаламро дастгирӣ мекунанд, ба ташкили маҳфилҳои адабии доимоамалкунанда имконият фароҳам оранду вохӯриҳо бо шоирони маъруф мунтазам баргузор шаванд. Агар ин таклиф дастгирӣ ёбад, дар ноҳия як муҳити адабӣ тавлид ёфта, ба ташаккули маърифату фарҳанги мардум ва навқаламони ҷавон созгор хоҳад буд, зеро мо медонем, ки дар ҳамаи ноҳияҳои гирду атроф чунин маҳфилҳо арзи вуҷуд доранд ва дар тарбияи адибони ҷавон саҳми босазо дошта, қаламкашони боистеъдодро ба халқу миллат эҳдо мекунанд, – гуфт ӯ.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь