Ноиби директори кулли СММ дар масоили гуманитарӣ Марк Лоукок аз ҳисоби Хазинаи марказии вокуниш ва ҳодисаҳои фавқулодаи СММ барои пешгирии паҳншавии коронавирус 15 миллион доллар ҷудо кардааст, хабар медад ОИР “Новости”.

Гуфта мешавад, ки ин тасмим зимни қарори Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ рӯйи кор омад ва кӯмаки молӣ ба хотири боздоштани паҳншавии коронавирус равона хоҳад шуд.

Манбаъ мегӯяд, маблағ ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ интиқол дода шудааст, ки он барои чорабиниҳои ҷиддӣ, аз ҷумла, мониторинги вусъатёбии вирус, тадқиқоти ҳолатҳои гирифторшавӣ, маблағгузории озмоишгоҳҳо харҷ мешавад.

Чанде пеш Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ нақшаи махсуси пешгириии вусъатёбии бемориро пешниҳод кард ва дар ин радиф аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки мамлакатҳои аз вирус сироятёфтаро дастгирӣ  кунанд, чунки амалишавии барнома 675 долларро талаб мекардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь