Имрӯз раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ оид ба камчинии доллари ИМА дар хазинаҳои бонк чунин зикр намуд, ки дар самти додани асъори хориҷӣ ба корхонаҳое, ки шаффоф кор мекунанду аз андози давлатӣ саркашӣ намекунанд, ягон мушкилӣ вуҷуд надорад.

Ин нукта дар посух ба суоли рӯзноманигор садо дод, ки мегуфт, соҳибкорони молики корхонаҳои истеҳсолӣ аз камчинии доллари ИМА барои аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид намудани маҳсулоти ниёзи аввалия шикоят доранд.

Ҷаноби Икромӣ зимнан афзуд: “Ба корхонаҳое, ки ниёз ба доллари ИМА доранд, мо ҳар рӯз аз 1 то 2 млн доллари ИМА пайдо карда дода метавонем. Агар орду равған бошад, чун супориши Ҳукумати шаҳр аст, аввалан бояд ба корхонаҳои саноатӣ, ки бо маҳсулоти ниёзи аввалия сарукор доранд, хизматрасонӣ карда шавад”.

Оид ба мушкили доллари нақд дар хазинаҳои бонк Сироҷиддин Икромӣ қайд намуд, ки давлат шаҳрвандони худро бисёр эҳтиром мекунаду ба онҳо доллари ИМА-ро нақд намефурӯшад: “Дар ин бора қонун ҳаст, оид ба ҳисобаробаркунӣ бо пули нақд. Доллар куҷо мешавад? Шаҳрвандони мо, ки ба хориҷи кишвар барои табобат, таҳсил, тиҷорат, ё туризм сафар менамоянд, метавонанд корт кушоянд. Корти шаҳрвандон ки шаффоф аст, мо метавонем маблағҳоро конвертатсия намоем”.

Ҳамзамон, роҳбарияти бонк илова намуд, ки “зери болишт” будани доллари ИМА яке аз сабабҳои камчинии асъори хориҷӣ аст. Дар ҳоле, ки маблағ бояд ҳамеша дар гардиш бошад.

– Хубаш доллари ИМА-ро дар бонк пасандоз гузошта, фоиз гиранд. Маблағҳои миллӣ ва асъори хориҷӣ ҳамеша таҳти назорати Бонки миллӣ буда, бояд дар ҳисобот бошанд. Қарз гирифтану пасандоз намудан бо доллари ИМА-ро қонун иҷозат додааст. Пули сомонӣ дар дохили кишвар эҳтироми худро бояд дошта бошад,- илова намуд Сироҷиддин Икромӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь