Намояндаи СҶТ дар Русия Мелита Вуйнович хабар додааст, ки дар минтақаи Маскав ва Санк-Петербург суръати афзоиши сироятёбӣ ба коронавирус паст гардидааст. Дигар минтақаҳоро “камтар хушбинона” арзёбӣ кардааст.

Мудири Пажуҳишгоҳи иқтисоди тандурустӣ  (Мактаби олии иқтисодӣ) Лариса Попович ба он бовар аст, ки дар пойхтахти Русия марҳалаи ниҳоииро, алаккай, паси сар кардаанд.

– Тақрибан 3 рӯз аст, ки бо бартараф гардидани шебу фарозҳо марҳилаи ниҳоӣ паймуда шуд ва шумораи гирифторшавӣ низ кам гардид. Новобаста ба он, ки то ҳол  санҷиш кам нашудааст, – гуфтаааст  ӯ.

Котиби матбуотии президенти Руися Дмитрий Песков изҳори умед кардааст, ки имкони баромадан аз ҳолати беморшавӣ миёнаи моҳи май даст хоҳад дод.

– Баъд аз он дар моҳи аввали тобистон вазъ мӯътадилтар хоҳад шуд, – илова кардааст ӯ .

Дар Русия 87 147 бемори COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Бо ин нишондод Русия аз Чин пеш гузашт. Зиёда аз нисфи сироятёбӣ дар ин кишвар, ки 45 351 аст, ба Маскав рост меояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь