Бинобар ташаннуҷи вазъи сиёсӣ дар Беларус пойтахти ин кишвар аз ҳаққи гузаронидани Чемпионати ҷаҳонии хоккей дар соли 2021, ки мебоист аз 21-уми май то 6-уми июн дар Минск ва Рига баргузор мешуд, маҳрум карда шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) хабар дод.
Қарори дахлдорро “бо сабабҳои амниятӣ” рӯзи душанбе шӯрои IIHF қабул кард. Ҷойи мусобиқа баъдтар муайян карда мешавад.
“IIHF барои ҳамаи иштирокчиёни Чемпионати ҷаҳонии хоккей масъул аст ва шӯро ҳуқуқ дорад, ки дар сурати мавҷуд будани асос барои нигаронӣ дар бораи бехатарӣ ё гаштугузори бемамониати бозигарон, шахсони мансабдор, тамошобинон ва васоити ахбори омма ҳуқуқи кишвари мизбонро бекор кунад. Дар натиҷаи санҷиши беғаразона, коршиносон хулоса карданд, ки дар ҳоли ҳозир риояи ин шартҳо ғайриимкон аст “, – омадааст дар изҳорот.
Дар оянда IIHF ният дорад, ки ба шакли гузаронидан дар як макони ягона Ҷоми Ҷаҳонии 2021ро баргузор кунад. Дар ин сурат шояд Латвия ба танҳоӣ дар Рига мусобиқаро мизбонӣ кунад.