Вазири корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сиярто гуфт, Маҷористон пайвастани Укроинро ба NATO ғайриимкон медонад ва аксари вазирони хориҷаи кишварҳои узви паймон дар паси дарҳои баста ин мавқеъро дастгирӣ мекунанд.

Сиярто ҳушдор дод, ки вуруди Укроин ба NATO метавонад боиси сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ шавад.

«Ман фикр мекунам, ки ҳар касе, ки ақли солим дорад, чунин хатарро эҷод намекунад. Аз ин рӯ, мавқеъи Маҷористон равшан аст: қабули Укроин ба НАТО ғайриимкон аст”, гуфт Петер Сиярто дар нишасти матбуотӣ дар пайи ҷаласаи кумитаи муштараки иқтисодии Маҷористон ва Сербистон.

Зимнан, ИМА ва Олмон ба вуруди Укроин ба NATO то поёни ҷанг мухолифанд. Тибқи созишномаи иттифоқ, ҳамла ба яке аз аъзои он ҳамла ба ҳамаи ширкаткунандагон ҳисобида мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь