Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷин Пин субҳи имрӯз дар тамоси телефонӣ ба президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, “кишварҳои мо бояд барои мубориза ба муқобили пандемияи марговари коронавирус, ки ҷаҳонро хароб кардааст, муттаҳид шаванд”.

Ҳафтаҳои охир миёни ин ду кишвари абардқудрати ҷаҳон муноқишаҳо сар заданд, аммо Си Ҷин Пин ба Трамп таъкид кард, ки “мехоҳад мубодилаи ҳама маълумот ва таҷрибаи коронавирусро бо Амрико шарик созад”, – навиштааст Франс-Пресс.

Қаблан ҳангоми  авҷи бемории коронавирус котиби Кохи Сафед Майк Помпео ин вирусро ба унвони “вируси чинӣ ” ёд карда буд.

Аввали ҳамин моҳ сухангӯи вазорати хориҷӣ дар Пекин дар Твиттераш пешниҳод карда буд, ки маҳз артиши ИМА вирусро ба Вуҳан овардааст.

Дар ҳамин ҳол ИМА аз Чин ҳамчун кишвари бузургтарини мубталои вирус пешвоз гирифт.

Си Ҷин Пин дар идомаи сӯҳбати телефонияш гуфт, равобити Чин ва ИМА дар як марҳилаи ҳалкунанда қарор доранд ва афзуд ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳоли афзоиш аст.

– Умедворам, ки ИМА баҳри беҳбуди равобити Чин ва ИМА чораҳои ҷиддӣ меандешад, – гуфт Си Ҷин Пин. – То ҳанӯз баъзе вилоятҳо, шаҳрҳо ва ширкатҳои Чин  ба ИМА лавозимоти тибии чинӣ ёрӣ кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь