Шоми 31-уми декабр бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар дар майдони “Дӯстӣ”- и назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, боғи Садриддин Айнӣ, майдони “800-солагии Москва” ва боғи “Дӯстии халқҳо”-и пойтахт, баргузории шоу-барномаҳои идонаи солинавӣ дар назар аст.

Макони асосии таҷлили Соли нав хиёбони марказии шаҳри Душанбе мебошад. Барои сокинон ва меҳмонони пойтахт дар шафати “Боғи Устод Рӯдакӣ” аз тарафи  шаҳрдории Душанбе ва ҳамбастагии ширкати “Рахш Такси” дар 52 дӯкон ярмаркаи фурӯши маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Соҳибкорон дар ин нуқтаҳо армуғонҳои солинавӣ ва хӯроквориву нӯшиданиро ба фурӯш гузоштаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар майдони “Дӯстӣ”-и назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ барои тафреҳи сокинон арчаи солинавӣ бо баландии 29 метр қад афрохтааст. Диаметри сатҳи арча 15 метр буда, он дар он чароғакҳо ва 15 ҳазор ороиш насб шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь