Имрӯзҳо дар шаҳри Истанбули Туркия мусобиқаи байналмилалии бокси Босфор идома дорад, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон низ ширкат доранд.
Мусобиқа то 21 март идома меёбад, ки дар он варзишгарон аз 25 кишвар барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ ташол мекунанд.
Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 5 нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд. Инҳо Шоира Зулқайнарова (-60кг) миёни бонувон, Аминҷон Сайрализода (-57кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (-75кг), Шаббос Негматуллоев (-81кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) миёни мардон ҳастанд.
Шаббос Негматуллоев (-81) ва Баҳодур Усмонов (-63кг), ки ҳарду дар намуди бокс маъруфанд, соли гузашта роҳхати олимпӣ ба даст оварда буданд. Онҳо ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки тобистон имсол баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.