Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, дар ним соли равон 4 муроҷиат вобаста ба шиканҷа ба ниҳоди онҳо ворид шудааст, ки пас аз баррасӣ исботи худро наёфтаанд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар Умед Бобозода рӯзи 18-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки шикоятҳо аз наздикони маҳбусон ворид шудаанд.
– Аз ҷониби кормандони мақомот дар ҷои ҳодиса санҷиш гузаронида шуд. Яке аз муроҷиатҳо дар бораи шиканҷа аз ҷониби Ҷӯраева – ҳамсари маҳбус Маҳмадалӣ Ҳайит буд. Мақомоти прокуратура ҳамчун ниҳоди тафтишгари чунин ҳолатҳо ин муроҷиатро санҷида баромада истодааст. Аз рӯи муроҷиати дигар аз прокуратура расман ба мо мактуб омад, ки ҳолати шиканҷа тасдиқи худро наёфт. То ҳол ягон муроҷиат оид ба шиканҷаи эҳтимолӣ, ки тасдиқ шуда бошад, ба мо нарасидааст,- гуфт Ваколатдор.
Умед Бобозода эҳтимолияти вуҷуди шиканҷаро зимни тафтишоти пешакӣ рад намекунад ва мегӯяд, дар ин симмат 4 моҳ боз фаъолият дорад, вале ягон муроҷиат оид ба чунин ҳолатҳо ба онҳо ворид нашудааст.