Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 44 мавриди нави гирифторӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, то имрӯз шумораи мубталоёни коронавирус ба 6 ҳазору 878 нафар расида, 57 нафар аз вирус ба ҳалокат расидаанд. Миқдори умумии шифоёфтагон 5 ҳазору 578 нафар мебошад.
– Дар беморхонаҳои кишвар 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб барои муолиҷаи беморон машғули коранд,- иттилоъ додааст Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Ҳамчунин, дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва бештар аз 24 ҳазор корманди миёнаи тиб барои кумак ба сокинон сафарбар гардидаанд.
Блоки рекламавӣ