Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар назар аст, ки 7 бинои баландошёнаи истиқоматии 7-ошёна бо 588 ҳуҷраи истиқоматӣ бунёд шавад.

Мудири шуъбаи меъморӣ ба шаҳрсозии МИҲД-и ноҳияи Шаҳритус Дилшод Амонов ба “Фараж” иттилоъ дод, ки  барои бунёди 7 бинои баландошёнаи истиқоматӣ як гектар замин дар маркази ноҳия ҷудо карда шудааст.

Ӯ гуфт, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ дар бинои якум шуруъ шудаааст.

– Ин аввалин биноҳои баландошёна дар ноҳияи Шаҳритус мебошад, ки дар ошёнаҳои якуми онҳо марказҳои хизматасонӣ бунёд мешаванд,- илова кард номбурда ва гуфт, ки ҳар бинои 7-ошёнаи истиқоматӣ 84 ҳуҷра доранд.

Номбурда илова кард, ки дар умум дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар дар ноҳияи Шаҳритус 359 иншооти таъинотӣ гуногун ба нақша гирифта шуда, аз онҳо то имрӯз 165 ададаш сохта ба истифода дода шуда, дар қисмати дигари иншоотҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь