Дар ноҳияи Шаҳритус бунёди 14 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз он 4 муассиса ва 29 синфхона сохта ба истифода дода шудааст.
Мудири шуъбаи моарифи ноҳияи мазкур Суҳробшоҳ Саидраҳмонов зимни суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки бунёди 14 мактаб дар ноҳия, ки дар онҳо аз 240 то 640 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудаанд, дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар аз ҳисоби ҳама манбаъҳои даромад бунёд мешаванд.
Қайд гардид, ки аз ин муассисаҳо 4 ададаш сохта ба истифода дода шуда, 3 адади дигар дар арафаи Рӯзи Конститутсияи кишвар мавриди истифода қарор дода мешаванд.
– Дар 7 мактбаи дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, марҳила ба марҳила ба истифода дода мешаванд, ки баъди пурра ба истифода додани онҳо 7 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст муҳайё хоҳад шуд, – илова кард ӯ.