Шаҳбоз Шариф Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон имрӯз 2-юми июл бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷаи кишвар хабар медиҳад. Баргузор гардидани мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар доираи ин сафар пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин дар назар аст, бастаи санадҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ низ ба имзо расанд. Тибқи барномаи сафар, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот менамояд. «Ин нахустин сафари хориҷии Шаҳбоз Шариф баъди интихоб шуданаш ба маснади Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад», — иброз доштанд аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь