Маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодӣ – «Тавозун», ки субҳи имрӯз, 31-уми январ, баргузор гардид, масъалаи шаффофияти буҷети Тоҷикистон ва иштироки ҷомеа дар ҷараёни муҳокимаю қабули онро баррасӣ кард.

Дар маҳфил номзади илмҳои иқтисодӣ Уктам Ҷумъаев маълумоти нави тадқиқот оид ба индекси шаффофияти буҷети Тоҷикистон ва коршинос оид ба идораи молияи давлатӣ Абдураҳмон Наҷмиддинов иштирокчиёнро бо натиҷаҳои муҳокимаҳои ҷамъиятии буҷет, ки дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гаштааст, шинос карданд. Дар маҳфил мисли нишастҳои қаблӣ намояндагони масъули Парламенти кишвар, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, роҳбарони қисматҳои барномаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ», намояндагони ВАО-и давлатию мустақил, таҳлилгарон ва коршиносони соҳаи иқтисод ширкат доштанд.

Бино ба хулосаи коршиносон, ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир барои ворид кардани тавсияҳои шарикии байнамиллалии буҷетӣ тадбирҳои судманд андешидааст. Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, вазорат барои беҳтаргардонии сатҳи бохабарии ҷомеа оид ба ҷараёни буҷет ва фароҳам овардани шароит барои иштироки ҷамъиятӣ дар шаклгирии буҷет таваҷҷуҳи амиқ зоҳир мекунад. Лоиҳаҳои аввалияи буҷети давлатию шаҳрвандӣ, ҳисоботҳои семоҳа ва солонаи иҷроиши буҷет аз қабили асноди муҳимеанд, ки қаблан барои мардум дастнорас буданд.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳар ду сол созмони шарикии байналмиллалии буҷетӣ (InternationalBudjetPartnership) тадқиқот оид ба индекси шаффофияти маълумотҳои буҷавии 100 давлати ҷаҳонро анҷом медиҳад. Шаффофияти буҷети Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти ғайридавлатии байналмиллалӣ бори аввал соли 2013 баррасӣ гардида буд. Натиҷаҳои тадқиқоти ин ташкилот он замон ошкор кардааст, ки Тоҷикистон дар миёни давлатҳои ба талаботи стандартии асосии шаффофият ҷавобгӯнабуда ҷой доштааст. Тибқи тадқиқоти ин созмон, Тоҷикистон 5 сол қабл аз 100 холи имконпазир ҳамагӣ 17 имтиёзро соҳиб гардидааст, ки миёни давлатҳои собиқ шӯравӣ ҷой охирин будааст. Тадқиқоти баъдии ин созмон доир ба шаффофияти буҷет дар соли 2015 нишон дод, ки акнун Тоҷикистон чанд зина боло рафта, соҳиби 25 хол шудааст.

Ба роҳ мондани муҳокимаи фаъоли буҷети Тоҷикистон ва таъмини шаффофияти он бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамзамон огоҳии доираи васеи журналистон аз масоили буҷет, идораи молияи давлатӣ, инъикоси дурусту саривақтии ин мавзӯи муҳими ҷамъиятӣ аз мақсад ва ҳадафҳои асосии маҳфили журналистикаи иқтисодии “Тавозун” ба ҳисоб меравад.

Маҳфили “Тавозун” бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон” бо маблағгузории Вазорати Рушди байналмиллалии Британияи Кабир вохӯриҳоро оид ба масъалаҳои мубрами иқтисодӣ дар байни рӯзноманигорон, коршиносони байналмиллалию ватанӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон ва таҳлилгарон мунтазам баргузор менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь