Дар ноҳияи Шаҳритус бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 муассисаи таълимӣ ва бинои шуъбаи маорифи ноҳия мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Қарор аст ин иншоот то охири соли 2019 сохта ба истифода дода шаванд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус Комил Очилдиев, зимни суҳбат иброз дошт, ки ҳар як муассиса бо харҷи 3,5-4 миллион сомонӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани 480 хонанда дар ду баст  пешбинӣ шудааст. Бинои шуъбаи маориф бошад аз чор ошёна иборат буда, бо харҷи 4 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд хоҳад шуд.

– Аллакай корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот оғоз гардида, умедворем, ки дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида мешаванд, – гуфт дар идомаи суҳбат Комил Очилдиев.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь