17-уми октябр бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон сеюмин лексияи ҷашнӣ дар мавзӯи «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25  соли дӯстӣ» баргузор гардид.

Дар ҳамоиши ҷашнӣ, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гоҳш, донишмандон ва олимони ҷавон ширкат ва суханронӣ намуданд.

Директори Институт Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо қайд кард, ки мушкилоти ҷаҳони муосир ва низоъҳои гуногуни ҷаҳон дар минтақаҳо ва ҷаҳон, ки рӯз то рӯз печида шуда, ҷаҳонро бо як бӯҳрони фарогир табдил дода истодааст, махсусан олимон ва коршиносонро водор месозад, то роҳҳои ҳал пайдо кунанд.

Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон қайд кард, ки муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистон таърихан наздику самимианд ва вохӯрии имрӯза метавонад барои рушди ҳамкориҳои ҳарду кишвар таъсиргузор бошад.

Ҳамзамон, дар ин ҳамоиш дар мавриди муштаракоти мусиқии класикии ҳинд ва мусиқии анъанавии тоҷик маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.  

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь