Имрӯз бо ташаббуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони масъули дастгоҳи парлумони касбии мамлакат, дар мақоми олии қонунбарори кишвар семинари машваратӣ оид ба мавзӯи  «Дипломатия ва одоби ташрифоти расмӣ»  баргузор гардид.

Дар назди иштирокчиёни семинарии мазкур мудири шуъбаи робитаҳои баӣнипарламентӣ ва протоколӣ дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Хушмуҳаммад  Нуриддинзода баромад карда, аз ҷумла иброз дошт, ки сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик  яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати давлат ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Маҳз бо шарофати дипломатияи тоҷик, чандин ташаббусҳои кишвари мо, бахусус дар ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика, мубориза алайҳи тероризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон аз ҷониби соири кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфта, тадриҷан амалӣ мешаванд.

Дар анҷоми мулоқот Хушмуҳаммад  Нуриддинзода ба саволҳои сершумори ҳозирин посух гуфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь