Дар натиҷаи боришоти шадид рӯзи 2-юми июн бар асари обхезӣ дар ноҳияи Хуросон як нафар ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора ба farazh.tj аз КҲФ вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Сокини 18-солаи деҳаи Бандари ҷамоати Қизилқалъа Меъроҷиддин Набиев дирӯз зери селоб монда, бо ҳолати вазнин ба беморхонаи маркази ноҳия интиқол меёбад ва шаби 3-юми июн ҷон медиҳад.
http://https://www.youtube.com/watch?v=P92TlQiqCns
Ба гуфтаи сокинони деҳаи мазкур, омадани селоба аз соати 12-и рӯз оғоз ёфта, дар натиҷа бештари аз хонаҳо осеб дидаанд ва ҳатто сокинон аз хонаҳои худ кӯч баста, дар хонаи хешовандон шабро рӯз намудаанд.
Гуфта мешавад, дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати Қизилқалъаи ин ноҳия дар пайи боришоти зиёд 18 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, як иншооти ёрирасон ва як пул, ки деҳаро бо роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар пайваст мекунад, осеб дидааст.
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ба сокинони кишвар ҳушдор медиҳад, ки рӯзи 3-уми июн ҳам борони зиёд ва раъду барқ идома меёбад ва шояд, сатҳи об дар рӯдхонаҳои кишвар боло равад.
http://https://www.youtube.com/watch?v=nvAI9Yx1jKk