Танҳо дар рӯзи 16-уми декабр дар роҳҳои ҷумҳурӣ чанд садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки боиси марги ду пиёдагард ва як мусофир шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.
16-уми декабри соли 2017, тахминан соати 12:40, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Саидов Муҳаммадёр Абдулатифович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Норова Бибигул, соли таваллудаш 1954, сокини деҳаи Аччии ноҳияи Хуросонро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Норова Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин рӯз, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Абдуллоев Худойдод Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти Варзоб ба самти Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Р.Абдуллоев, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Саидова Ҳурматой Юсуфовна, соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Саидова Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Боз ҳам дар ҳамин рӯз, соати 17:45, ронандаи автомашинаи тамғаи “ЧАНХУ”, Худобахшов Ахилл Олучаевич, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Хоруғ, бе ҳуҷҷати ронандагӣ, ки автомашинаи мазкур ба Будинов Маҳмадалӣ Нуралиевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат аз самти Хоруғ ба самти Шуғнон, дар роҳи нақлиётгарди маҳаллаи Тем аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро аз баландии 3-метр чаппа кардааст. Дар натиҷа мусофири дар дохили автомашина буда, Ҷафоев Ҳилолӣ Миралибекович, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Хоруғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, мусофирони дигари дохили автомашина Отамбекова Марзия Каримдодовна, соли таваллудаш 1981 ва Орифшоева Амонсултон Шозодаевна, соли таваллудаш 1979, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.