Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи даври чоруми вохӯриҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор, дар шоҳидии 12 ҳазор мухлис, бо дастаи мунтахаби Непал бозӣ кард ва 3 голи беҷавоб зад.

Вохӯрии якуми ин дастаҳо дар гурӯҳи F дар Катманду низ ба фоидаи шогирдони Ҳаким Фузайлов ба охир расида буд. Он бозӣ бо натиҷаи 1:2 ба охир расида буд. Дар бозии ҷавобӣ футболбозони тоҷик се гол заданд, ки ҳарсе аз пеналтӣ буд. Голи якумро капитани даста Нуриддин Давронов пас аз бо дасташ бозӣ кардани меҳмон дар ҷаримагоҳ, зад. Дар қисми дуюм довари эронӣ Мавъуд Бунёдифарр ду маротибаи дигар қоидавайронкуниро дар ҷаримагоҳи Непал хуб пай бурда, пеналтӣ таъйин кард. Якеро Парвиз Умарбоев ва дигарро Манучеҳр Ҷалилов бе хато ба нишон расонданд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ Яман бо Филиппин мусовӣ кард – 1:1. Баъди чор давр дар гурӯҳи F дастаи Филиппин бо 8 имтиёз дар садри чадвал аст. Дастаҳои мунтахаби Яман ва Тоҷикистон бо 6-имтиёзӣ мутаносибан зинаҳои дуюму сеюмро соҳиб шудаанд. Непал як имтиёз дорад ва дар зинаи охир аст.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон вохӯрии ояндаи худро дар доираи Ҷоми Осиё-2019 14-уми ноябр дар майдони худ бо дастаи мунтахаби Яман мегузаронад. Барои пеш аз мӯҳлат ба даври финалӣ роҳ ёфтан, ба даста лозим аст, ки Яманро мағлуб кунад.

Ҷоми Осиё-2019

Вохӯриҳои интихобӣ. Гурӯҳи «F». Даври 4

Тоҷикистон – Непал – 3:0

Голҳо: Нуриддин Давронов, 20 – аз пеналтӣ (1:0). Парвиз Умарбоев, 60 – аз пеналтӣ (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 87 – аз пеналтӣ (3:0).

10 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 12 000 тамошогар.

Яман – Филиппин – 1:1

Голҳо: Тавфиқ Алӣ, 63 (1:0). Майк Отт, 89 (1:1).

10 октябр. Доҳа. Варзишгоҳи Сауд ибни Абдулраҳмон. 2169 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвал:

 Ҷ

 Дастаҳо

В

Ғ

М

Б

Т\т

И

1

Филиппин

4

2

2

0

11-7

8

2

Яман

4

1

3

0

5-4

6

3

Тоҷикистон

4

2

0

2

9-7

6

4

Непал

4

0

1

3

2-9

1

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь