Натиҷаҳои муқаддамотии тадқиқоти Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) доир ба муқовимат ба савдои одамон ва ҷалби онлайнии қурбониён дар Қазоқистон, Қирғизистон, ва Тоҷикистон рӯзҳои 21-22-юми январи соли равон дар як чорабинӣ дар шаҳри Душанбе ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии се кишвар муаррифӣ гардид.  

Тақрибан 20 намояндаи созмонҳои иҷтимоӣ, ки дар самти муқовимат ба савдои одамон дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон фаъолият мебаранд, бо тадқиқоти мазкур шинос гардиданд, огоҳияшонро доир ба василаҳои ҷалби қурбониёни савдои одамон дар интернет боло бурданд, ва донишашонро доир ба истифода аз имкониятҳои фанновариҳои навини иттилоотӣ барои пешгирӣ аз ҷалби онлайнии қурбониёни эҳтимолӣ ва мусоидат ба онҳо тақвият диҳанд. Давраи омӯзишӣ доир ба роҳҳои муассири пешгирӣ аз савдои одамон бо истифода аз фанновариҳои навини иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби СБМ ва бо маблағгузории Бунёди рушди СБМ ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тадқиқоти СБМ истифодаи фанновариҳои иттилоотӣ аз ҷониби одамфурӯшон барои ҷалби қурбониёни савдои одамон дар се кишвари Осиёи Марказиро фаро мегирад. Дастрасӣ ба интернет дар минтақа дар ҳоли афзоиш буда, ҷалби қурбониёнро ба савдои одамон низ ба ҷаҳони онлайн мебарад, ки он ҷо фаъолияти одамфурӯшон сареътар, интихобашон васеътар ва ҳувияташон махфитар мегардад. Ҳамчун қисме аз ин лоиҳа, намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, ба монанди афсарони пулис ва додситонҳо, ҳамчунин, ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба роҳҳои интернетие, ки савдогари одамон истифода мекунанд, имкониятҳои пешгирӣ аз ин фаъолиятҳо, ва истифода аз ин технологияҳо барои муқовимат ба савдои одамон тамрин мебинанд.

Давраи омӯзиширо коршиносони шинохтаи муқовимат ба савдои одамон –номзади илмҳои иҷтимоӣ, профессор Майя Русакова аз Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ва созмони ҷамъиятии минтақавии “Стеллит”, Илмира Маликова, мудири рушд ва кор бо расонаҳои Бунёди ёрӣ ба қурбониёни ҷиноят (Маскав), ва Владлена Авдеева аз  созмони ҷамъиятии минтақавии “Стеллит” (Санкт-Петербург) гузарониданд.

Профессор Майя Русакова, коршиноси муқовимат ба савдои одамон, мегӯяд, “роҳҳои маъмулии ҷалби қурбониён, ба монанди эълони ҷойи кор дар торнамоҳои махсус ва ё гуруҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва тамос бо одамоне, ки ҷойи кор пешниҳод менамоянд, ҳамакнун ба фанновариҳои иттилоотӣ интиқол ёфтаанд. Ҷинояткорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пайғомрасонҳо барои худ қурбонӣ меҷӯянд, одамон ҳоло дар интернет ҷойи кор ва омӯзиш меҷӯянд ва метавонанд ба эълонҳои бардурӯғ рӯбарӯ оянд, василаҳои дилхушӣ бо суръати баланд рақамӣ мегардад, ба монанди афзоиши хидматрасонии моделӣ тавассути вебкам. Ҷинояткорон интихоби бештар барои ҷустуҷӯи қурбонӣ ва ба ӯ дастрасии бештару барои худашон бехавфтар бо ҳуввияти махуф доранд. Интернет раванди ҷалбро барои ҷинояткор сареътар ва амнтар гардонидааст. Мо ҳадаф дорем, то мардумро аз ин хатарҳо огоҳ намоем ва бигӯем, ки ҳамон гунае, ки дар зиндагии воқеӣ як нафар метавонад шуморо фиреб кунад ва истисмор намояд, ҳамин хатар дар интернет низ вуҷуд дорад”.

Баҳром Раҳматҷонов аз СБМ Тоҷикистон, илова мекунад, ки “ба воситаи фанновариҳои навин метавон ба қишрҳои васеътари ҷомеа дастрасӣ пайдо карда, онҳоро доир ба хатарҳои савдои одамон огоҳ кард, метавон ҷинояткоронро ҷустуҷу ва муҳокима намуд, метавон ба воситаи торнамоҳо ва шабакаҳои иҷтимоиву пайғомрасонҳо ба қурбониён кумак пешниҳод кард. Дониши интернетӣ ба қурбонӣ имкони наҷот ва раҳоӣ аз ғуломиро медиҳад, имкон медиҳад, то ба пулис дастрасӣ намояд ва ё созмони башардӯстонаеро дарёбад ва ёрӣ барои ҳамгироӣ бигирад. Ҳолатҳое буданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ёрӣ хоста буданд, наҷот дода шуда, ба Ватан баргардонида шуда буданд. Мо созмонҳои иҷтимоиро тамрин медиҳем, то чӣ гуна аз фанновариҳои навин барои дастрасӣ ба қурбонӣ ва ёрӣ ба ӯ истифода бикунанд”.

Тадқиқот ва омӯзиш аз ҷониби Бунёди рушди СБМ маблағгузорӣ шудаанд, ки манбаъи нодири ҷаҳонӣ барои пуштибонӣ аз талошҳои кишварҳои узв дар роҳи тақвияти тавоноии мудирияти муҳираташон мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь