Сатҳи камбизоатӣ дар кишвар соли 2024 ба 21.2% расидааст, ки ин назар ба соли гузашта 1.3% кам мебошад. Дар ин бора 14-уми ноябр зимни маҳфили журналистикаи иқтисодии “Тавозун” як намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди (СРМ) Ҷумҳурии Тоҷкистон барои давраи 2030 дар назар аст, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то ба 15 дарсад коҳиш дода шавад.

Ин ҳама дар ҳолест, ки ҳанӯз соли 2015 сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ба 31 фоиз баробар буд.

Дар маҳфили “Тавозун” ҳамчунин гуфта шуд, ки дар доираи СРМ тахминан 50 ҳазор оилаи серфарзанд ҳамчунун гирандаи кӯмакпулии унвони иҷтимоӣ ба Барномаи миллии кумаки унвони иҷтимоӣ ворид гардиданд, ки маблағи кӯмакпулӣ зиёда аз 21 млрд сомониро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ буда, самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро муайян мекунад.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь