Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар аввалҳои моҳи ноябр ба Тошканд – пойтахти Ӯзбекистон сафар мекунад. Тибқи барнома сарвазири Тоҷикистон дар чорчӯби ин сафар бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва сарвазири ин кишвар Абдулло Орифов дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Дар ин сафар Расулзода ҳамчунин дар нишасти шӯрои сарвазирони Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар Тошканд ширкат хоҳад кард. Ширкаткунандагони ин нишаст густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, саноатӣ ва кишоварзиро баррасӣ мекунанд ва бо раванди иҷрои тарҳҳои бузурги муштараки зерсохтӣ ошно мешаванд.
Сарвазири Русия Димитрий Медведев ҳам ба нақша гирифтааст, ки охири ин моҳ вориди Тошканд шавад.
ИДМ пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ таъсис ёфт. Баёнияи таъсиси ин созмон дар 21-уми декабри соли 1991 дар Алмаато тавассути роҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина имзо шуд.
Узвият Гурҷистон дар ин созмон бо тасмими президантҳои кишварҳои узв дар 3-юми декабри соли 1993 ва бо дархости президанти собиқи ин кишвар Эдуард Шеварнадзе дар 8-уми октябри соли 1993 сурат гирифт