Сарвазири Қирғизистон Сооронбой Ҷенбеков барои ширкат дар интихоботи президентии ин кишвар аз вазифаи худ истеъфо дод.
Чунин дархостро аз сарвазир прокурори ин кишвар кардааст, зеро мувофиқи қонун номзад ба мансаби президентӣ набояд дар давраи интихобот дар сари мансаб бошад.
Ҷенбеков пас аз итмоми охирин ҷаласаи ҳайати давлати Қирғизистон бо таври расмӣ истеъфои худро эълон кард.
Интихоботи президентии Қирғизистон дар 15-уми октябр баргузор мешавад ва ба ғайр аз сарвазири феълии Қирғизистон, сарвазири собиқ Темир Сариев ва сарвазири асбақи ин кишвар Омурбек Бабанов низ номзад ҳастанд. Дар маҷмӯъ 40 нафар дар интихобот бахти худро санҷиданианд.
Ҳаштумин интихоботи президентӣ барои интихоби президенти панҷуми Қирғизистон пас аз Аскар Акаев, Қурбонбек Боқиев, Роза Отунбоева ва Алмосбек Атамбоев дар 15-уми октябр баргузор хоҳад шуд.
Дар ин интихобот 2 миллиону 850 ҳазор нафар ҳаққи раъйро доранд ва президенти нав аз оғози соли 2018 кори худро шурӯъ хоҳад кард. Президент бояд байни 35 то 70 сол син дошта бошад.