Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон хабар дод, ки КДАМ ҶТ пардохти ҷуброни зарар ба сарбоз Шаҳбол Мирзоевро ба ӯҳда гирифтааст.
Гулчеҳра Холматова, ҳимоятгари сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев ба Эътилофти ҷомеъаи шаҳрвандӣ иттилоъ додааст, ки «баъди муроҷиатҳои чандинкарата, имрӯз, 18-уми декабри соли 2017 аз раёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, то мо суратҳисоби Шаҳбол Мирзоевро барои гузаронидани маблағи ишорашуда, тибқи Варақаи иҷрои ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, ки Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро барои пардохти пурраи маблағи муйяншудаи ҷуброни зарари моддиву маънавӣ ӯҳдадор карда буд, пешниҳод намоем».
Ҷониби ҷавобгар ба ин ҳукм розӣ набуд, вале ҳанӯз соли 2014, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, дар як мактуби расмӣ тамоми хароҷоти табобатӣ ва пардохти ҷуброни зарар ба Шаҳболро ба ӯҳда гирифта буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз 3 сол қабл, дар қисми низомии 2026 мустақар дар ноҳияи Рӯдакӣ, бино ба нақли худи Шаҳбол фелдшери ин гарнизон Усмон Ғайратов, якҷоя бо дигар фелдшерон сарбози ҳамин қисми низомӣ Шаҳбол Мирзоевро мавриди луту кӯб қарор дода буд, ки дар натиҷа Шаҳбол ҷароҳати вазнин бардошта буд. Ташхиси пизишкон шикасти мӯҳраи панҷуми сутунмӯҳра бо осеби қисми гардании ҳароммағз, инчунин осеби якчанд узви бадан ва дастону пойҳои сарбозро муайян кард. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов, мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, суд ӯро ба муддати 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Кашмакашиҳои судӣ байни нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва ҷониби Шаҳбол Мирзоев қариб 2 сол тӯл кашида борҳо бинобар норозӣ будани ин ё он ҷониб аз қарори суд идомаи он ба дигар вақт гузошта мешуд.
Да аввал хонаводаи Шаҳбол Мирзоев, аз Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ва 97 ҳазору 265 сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ талаб карда буданд.
Моҳи майи соли 2015 Зебуниссо Саидова, додраси Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе қарор кард, ки Сарраёсат ба хонаводаи Шаҳбол Мирзоев сорбози маъюб 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирам ҷуброни зарари моддӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад.
Дар пайи шикояти кассатсионии ҷониби ҷавобгар, 6 август Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори пардохти зарари модӣ ва маънавӣ ба Шаҳболро бекор кард.
Ҳамин тариқ дар пайи шикояти навбатии ҷониби ҷабрдида Шаҳбол Мирзоев ахиран моҳи ноябри соли 2016 суд Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистонро ба пардохти 36 000 сомонӣ ба сифати зиёни моддӣ ва 4 000 сомонӣ барои зарари маънавӣ ба Шаҳбол Мирзоев ӯҳдадор карда буд.
Хуршед Фозилов
Акс аз АП