Вобаста ба худкушии аскарбача Исфандиёри Мирзоҳасан аз ҷониби прокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе бо аломатҳои моддаи 391, қ. 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.
Дар ин бора сарпрокурори ҳарбии кишвар Мирзозода Сафаралӣ дирӯз, 29-уми январ, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Номбурда бо сабаби халал ворид накардан ба рафти тафтишот аз ҷузъиёти бештари парванда худдорӣ кард.
Қаблан фарзияи худкушии сарбоз матраҳ буд, вале боз гардидани парванда бо моддаи мазкур аз он далолат медиҳад, ки ин ҳолат на худкушӣ, балки дар марги аскарбача нафари дигар даст дорад.
Марҳум Исфандиёри Мирзоҳасан 19-сол дошт ва шаби 19 январ дар қисми низомии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳраки Айнии минтақаи Ҳисор, ба ҳалокат расид. Гуфта мешавад, «тир аз зери манаҳи Исфандиёр даромада, сарашро шикофта, аз фарқи сараш берун шудааст». Ӯро наздикон рӯзи 20 январ дар зодгоҳаш – деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ ба хок супурданд.
Қаблан ҳам аз тири силоҳи оташфишон ва ё зери латукӯби ҳамхидматон ба ҳалокат расидани сарбозон дар қисмҳои низомии кишвар ба қайд гирифта шудааст, вале дар аксар маврид сабабҳои ҳалокати сарбозон «беэҳтиётӣ ҳангоми истифода аз силоҳи оташфишон» арзёбӣ мешавад.
Коршиносон сабабҳои чунин ҳодисаҳои нангинро вуҷуд доштани «дедовшина» дар қисмҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон унвон мекунанд.
Тибқи қисми 2-и моддаи 391, ки «суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият» унвон мешавад, агар кирдор боиси расонидани зарари миёна ё вазнини ба саломати инсон гардида бошад, шахси гунаҳгор «ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад».