«Роспотребнадзор» хабар дод, хуруҷи бемории сурхак, ки дар бисёре аз шаҳрҳои Русия ба қайд гирифта шудааст, бо муҳоҷирони ваксиннашуда марбут аст.

Дар соли 2023 шумораи зиёди гирифторони бемории сурхак дар байни шаҳрвандони Русия ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин тавр, дар баъзе ноҳияҳо даҳҳо ҳодисаи гирифторӣ ба ин беморӣ мушохида мешавад, хол он ки соли гузашта хеле кам буд. Дар вилояти Новосибирск 95 ҳолат маълум шудаааст. Афзоиши ин беморӣ дар вилоятҳои Маскав, Ленинград, Самара ва дар ҳудуди Олтой низ ба қайд гирифта шудааст.

Кормандони «Роспотребнадзор» гуфтанд, дар пайи вуруди муҳоҷирон аз кишварҳои ҳамсоя ба бисёре аз манотиқи Русия теъдоди мубталоён афзоиш ёфтааст. Афзоиши гирифторшавӣ ба одамоне марбут аст, ки қаблан зидди сурхча ваксина нагирифтаанд, ё то ҳол бемор нашуда буданд.

Дар ҳоле ки пандемии COVID-19 идома дошт, ваксина бар зидди дигар вирусҳо хеле заиф шудааст. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар соли 2021 тақрибан 40 миллион кӯдак ваксина карда нашудаанд. Маҳз онҳо бемориро мушкил мегузаронад ва ҳатто марг имконпазир аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь