Мошини шаҳрванди Тоҷикистонро дар деҳаи Оқсой шаҳрвандони Қирғизистон сангборон карданд. Дар ин бора Зубайдулло Шомадов, сухангӯи раиси шаҳри Исфара, 21-уми январ дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ 20-уми январ нақлиёти боркашоне, ки аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон Н. Асламов идора мешуд мавриди сангборон қарор гирифтааст.

” 20 январи соли 2022 дар ҳудуди деҳаи Оқсой қирғизҳо нақлиёти боркашони тамғаи КАМАЗ-ро, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Асламов идора мекарду ба деҳаи Ворух маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла хӯрокворӣ, мебурд, сангборон карданд. Дар натиҷа тирезаҳои мошин ва чароғҳои он шикаст” – менависад Шомадов.

Ба қавли манбаъ дар натиҷаи ин амал ронананда Асламов осеб дидааст.

Дар бораи ҳодисаи мазкур 20-уми январ ютубканали “xojai_alo_official” бо пахши наворе аз ҷойи ҳодиса хабар дода буд.

Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам 970 километр марз доранд, ки аз он 451 километраш аломатгузорӣ нашудааст. Аз ҳамин сабаб аксар вақт дар минтақаҳои марзии ду кишвар байни сокинон низоъҳо сар мезананд.

Охири моҳи апрели соли 2021 дар минтақаи марзии шаҳри Исфара байни ду кишвар низоъ бархост, ки дар натиҷа аз ҳарду тараф талафоти ҷонӣ низ ба бор овард.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь