Ба эҳтимоли зиёд санаи баргузории Иди Қурбон дар Тоҷикистон имсол шояд ба рӯзи ҷумъаи 31-уми июл рост ояд, вале санаи дақиқи он дар ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар муайян карда хоҳад шуд.
Сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Афшин Муқим дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, пагоҳ ҷаласаи Шӯрои уламо баргузор мегардад ва санаи дақиқи рӯзи ид дар кишвар эълон карда мешавад.
Манбаъ бо изҳори таассуф гуфт, ки бо дарназардошти вазъ дар кишвар намози иди Қурбон ба мисли иди Рамазон баргузор намешавад.
Идҳои Қурбон ва Рамазон аз ҷашнҳои бузурги мусалмонони дунё буда, маъмулан байнашон 70 рӯз фосила аст ва ҳамасола дар рӯзҳои гуногун ҷашн гирифта мешаванд.
Блоки рекламавӣ