Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар шаҳри Самарқанд 12-13-уми август анҷумани байналмилалии онлайнӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, созмонҳои ҳуқуқи башар, коршиносон ва амсоли он ширкат намуданд.

Ин анҷуман таҳти унвони “Ҷавонон 2020: якдилии глобалӣ, рушди устувор ва ҳуқуқи башар” қатънома қабул кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Маркази миллии ҳуқуқи башари Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хитобаи президент Шавкат Мирзиёев ба унвони иштирокчиёни  анҷуман омадааст, ки дар ин шароити мураккаб ҷавонон ба ҳар гуна таҳдидҳо, аз ҷумла пандемияи коронавирус бо ташаббусҳои дурнамояшон ва лоиҳаҳои иҷтимоии худ устуворона ҷавоб мегардонанд. Онҳо дар саросари олам ба кумаки қишрҳои камбизоати ҷомеа шитофтаанд ва дар пешрафти барномаи мухталифи иқтисодӣ ва гуманитарӣ саҳм мегузоранд.

Ҳамчунин дар муроҷиати видеоии Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш қайд гардидааст, ки талоши ҷавонон аз омилҳои калидии ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз ҷумла, бӯҳрони иқлимӣ, ҳимояи ҳууқуи инсон, ҷилавгирӣ ва ҳалли низоъҳо маҳсуб меёбад.

Дар қатънома омадааст, ки барои иштироки фаъолона ва пурсамари тамоми ҷавонони рӯи олам  дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар стратегияи хос корбаст ва мавриди иҷро қарор дода шавад.

“Ҷавонон бояд дар таъмини сулҳу субот мавқеъ пайдо намоянд ва дар ҷараёни қабули қарорҳо низ фаъолона мушорикат карда тавонанд”, омадааст дар ин қатънома.

Дар қатъномаи Самарқанд тавсияҳое низ қайд шудаанд, ки аҳамияти байналмилалиро касб менамоянд. Ҳамкорӣ дар мавриди ҳалли масъалаҳои барои ҷавонон ногузир, дар доираи Конвенсияи байналмилилии ҳимояи ҳуқуқи ҷавонон ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон аз ҷумлаи ҳамин тавсияҳо мебошанд.

Ташаббускори баргузор намудани анҷумани Самарқанд Ҳукумати Ӯзбекистон муаррифӣ шудааст. Ташкил ва роҳандозии онро бар дӯши Маркази миллии ҳуқуқи башар ва Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузошта буданд.

Он дар ҳамкорӣ бо Садорати комиссарияи олии ҳуқуқи башари СММ ва шӯъбаи минтақавии он дар Осиёи Марказӣ, Барномаи рушди СММ, Бюрои демократия ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Бунёди Фридрих Эберт ва амсоли он гузаронида шудааст.

Намояндагони Созмони байналмилалии меҳнати ЮНЕСКО, Созмони байналмилалии муҳоҷират, ЮНИСЕФ, Бунёди аҳолишуносии СММ(ЮНФПА), Иттифоқи банипарлумонӣ, Ассамблеяи Парлумонии САҲА, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, ИДМ, вакилони корпусзои дипломатики кишварҳои хориҷӣ мустақар дар Тошканд ва амсоли  он низ аз иштирокчиёни ин анҷуман маҳсуб меёфтанд.

Ин анҷуман кори худро 13 август ба поён равонд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь