Бо мақсади таҳкими ҳамкорҳои ҷавонони ҷомеаи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ба воситаи дастгирии фаъолияти муштарак дар самти ҳамкориҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, бо ёрии молиявии Хазинаи Бунёди сулҳи СММ бо буҷаи 1 000 000 доллари ИМА марҳилаи дуюми Лоиҳаи “Ҳамкории фаромарзӣ баҳри рушди устувор ва сулҳ” роҳандозӣ шуд, ки аз ҷониби оҷонсиҳои СММ дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва дигар шарикони миллӣ амалӣ мешавад.

Зимни роҳандозии Лоиҳаи мазкур аз солҳои 2016 то 2018 роҳҳои чандҷониба барои ҳалли мушкилоти печида, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар минтаҳаҳои наздимарзӣ бо он рӯ ба рӯ мешуданд, ба кор бурда мешуд. Аз ҷумла, ҷалби занону ҷавонон зимни баргузории тадбирҳо барои тақвияти сулҳ дар минтақаҳои наздимарзӣ. Ва бо мақсади коҳиш додани хатари сар задани муноқиша дар минтақаҳои наздимарзӣ бо роҳи эҷоди эътимод миёни сокинони ду тараф ва тавсеаи ҳамкориҳо миёни сокинони деҳаҳои пилотӣ аз ҷониби ҳарду кишварро тарҳрезӣ кард.

Ахиран дар доираи Лоиҳаи “Ҳамкории фаромарзӣ баҳри рушди устувор ва сулҳ” Барномаи табодули таҷриба барои 28 нафар фаъолону намояндагони ҳокимияти маҳаллии ҷамоатҳои наздимарзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара таъсис шуд, ки онҳо тули 3 рӯз бо рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияҳои назимарзии ноҳияи Лахш-и тобеи марказ ва ноҳияҳои Ҷайҳуну Панҷи Вилояти Хатлон шинос шуданд. Ҳамчунин зимни ин сафар гурӯҳи 28 нафараи барнома бо дастовардҳои Лоиҳаи “Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар минтаҳаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон” (LITACA) шинос шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь