5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва МИҲД дар шаҳри Ваҳдат Ҷоми ҷудои Президенти Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он варзишгарони 17 давлат – Арманистон, Афғонистон, Беларус, Британияи Кабир, Куба, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Олмон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Украина, Ҳолланд, Ҳиндустон, Ҷопон ва ИМА дар вазни
Паҳлавони номдори кишвар Саидҷалол Саидов ғолиби Ҷоми ҷудои Президенти Тоҷикистон, ки маротибаи панҷум баргузор мешавад, гардид. Саидҷалол дар даври финалии мусобиқа паҳлавони дигари маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириёнро мағлуб кард. Зинаи сеюмро Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон) ва Шаҳриёр Идрисов (Қирғизистон) ишғол карданд.
Ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал ва диплом бо маблағҳои пулӣ мукофотонида шуданд. Барои ҷои аввал 56 ҳазор сомонӣ, барои ҷои дуюм 32 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм 16 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Ҷоми ҷудои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал соли 2013 дар ду вазн доир гардида буд. Дар вазни
Соли 2014, дар мавсими дуюми ин Ҷом Муҳаммад Абдураҳмонов (Тоҷикистон) пирӯз гашт. Зиёратшо Баротов – ҷудочии дигари тоҷик медали нуқра, Ҷавод Маҳҷуб (Эрон) ва Саидҷалол Саидов (Тоҷикистон) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар мавсими сеюм 40 варзишгар аз 13 кишвар ширкат карданд. Ҷои аввалро ин бор низ Муҳаммад Абдураҳмонов ишғол кард. Ҷои дуюм насиби Александр Ваховяк (Беларус), ҷои сеюм насиби Фирдавс Насимов (Тоҷикистон) ва Энди Алварес (Куба) гардид.
Мусобиқа соли гузашта низ дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуда буд. Дар он 45 варзишгар аз 15 давлат ширкат карданд. Станислав Бондаренкои украинӣ соҳиби ҷом шуд. Ҷои дуюмро Алекс Гарсия Мендоза аз Куба, ҷои сеюмро узбекистониҳо Муҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев ишғол карда буданд.