Аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Хатлон имсол барои сохтмони мактабҳои нотамом ва бунёду лоиҳакашии онҳо беш аз 11,3 миилион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон  ба “Фараж” иттилоъ доданд, ки ин маблағҳо барои бунёди 7 муассисаи таълимӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Данғара, Балҷувон, Шӯробод, Ҳамадонӣ, Восеъ, Бохтар, Балхӣ Мӯъминобод  ва таъмиру лоиҳакашии мактабу синфхонаҳои иловагӣ пешбинӣ гардидааст.

Як манбаъи дигар аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон низ хабар дод, ки дар вилоят 13 мактаби нотамом ҳастанд, ки соли гузашта ду мактаб бо маблағгузории буҷети вилоят сохта ба истифода дода шуданд.

Қайд гардид, ки ҳоло сохтмони 11 мактаби нотамом (2 адад дар шаҳри Кӯлоб, 1 адад Дӯстӣ, 2 ададӣ дар  Қубодиён, Шаҳритус, Хуросон, Балхӣ ва шаҳри Левакант) идома дорад, ки марҳила ба марҳила бунёд хоҳанд шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь