Бо ташаббуси сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи “Дастовардҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ ва аҳамияти таърихии он” суҳбати мизи гирд баргузор шуд. Дар он намояндагони вазорат ва идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Ӯзбекистон, олимон, адибон ва вакилони воситаҳои ахбори умум ширкат карданд. Иштирокчиёни суҳбати мизи гирд дар робита ба касби истиқололи Ӯзбекистон чанд маърӯзаро истеъмо фармуданд.

Ин суҳбатро сафири  Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Вай гуфт, ки Ӯзбекистон дар арафаи таҷлили 30 – умин солгарди истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ истиқлолият барои ҳар як халқ неъмати бебаҳо мебошад. Он арзишҳои милливу маънавии ҳар як қавму халқро ҳифз менамояд. Инчунин ҷиҳати рушди мамлакат заминаҳои мусоид фароҳам меоварад.

Гуфта шуд, ки дар давраи истиқлолияти худ Ҷумҳурии Ӯзбекистони бародар аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ҳамчун кишвари воҳид, мустақил, демократӣ, озод ва баробарҳуқуқ ба расмият шинохта шуд ва дар як давраи кӯтоҳ ба дастовардҳои бузург ноил гардид.

-Ӯзбекистон дар миқёси байналмилалӣ ба ҳайси як кишвари пешрафта эътироф шудааст ва дар тамоми соҳаҳо ба рушди устувор даст ёфтааст. Барои ҳамин дар тӯзи сӣ сол ин кишвар дар соҳаҳои саноат, хусусан саноати вазнин, нақлиёт, энергетика, нафту газ, сохтмони иншооти мухталиф беш аз пеш рушд намудааст. Солона Ӯзбекистон 270 ҳазор автомобил истеҳсол менамояд,-изҳор кард сафири Тоҷикистон.

Тавре ки Абдуҷаббор Раҳмонзода тазаккур дод, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ комёбиҳо ба мушоҳида мерасанд. Талошҳои сарвари Ӯзбекистон ҷиҳати қабули стратегияҳои давлатӣ натиҷаҳои босамар ба бор овардаанд.

Бино ба маълумоти ироанамудаи ҷаноби сафир Ӯзбекистон дар мавриди фароҳам овардани ҷойҳои нави кор барои шаҳрвандони худ ва содироти ҳарчи бештари маводи истеҳсолотӣ ба дастовардҳо осҳиб шудааст. Кишоварзони он дар радифи рушди пахтакорӣ парвариши ғалла, меваву сабзавотро низ хеле хуб ба роҳ мондаанд ва ҷиҳати содироти он миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал қарор дорад.

-Маҳсулоти асосии содиротии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тилло, барқ, нафт, гази табиӣ, инчунин маҳсулоти нассоҷӣ, автомобил, электротехника, металлҳои сиёҳу ранга, маҳсулоти кишоварзӣ, хӯрокворӣ ва маҳсулоти кимиёвӣ ба ҳисоб мераванд,-гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Қайд гардид, ки солҳои 1990-2021 содироти Ӯзбекистон ба 15,8 миллиард доллар (5,3 маротиба) афзудааст. Ҳолати шаш моҳи аввали соли равон ба 7,1 миллиард доллари ИМА баробар аст. Гардиши савдои хориҷии Ӯзбекистон дар солҳои охир беш аз 35,8 миллиард доллар ва ҳаҷми сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёт 10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

-Дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Президент Мирзиёев ва мардуми шарафманди Ӯзбекистон ММД афзоиш ёфта, ба 57,9 миллиард доллар расидааст. Афзоиши миёнаи ММД Ӯзбекистон дар давраи 30 соли касби истиқлол ба ҳисоби миёна ҳамасола 1.4 млрд доллар ё 4.2 фоиз афзудааст,-гуфт сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи 117 донишгоҳу донишкадаҳо ва филиалҳои  20 донишгоҳи бонуфузи Россия, ИМА,  Англия, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Хитой, Италия, Сингапур, Белоруссия, Латвия  дар Ӯзбекистон низ таваққуф намуд ва афзуд, ки

ин кишвар дар соҳаи тандурстӣ низ ба комёбиҳо даст ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ садҳо беморхонаи замонавӣ, марказҳои саломатӣ, клиникаҳои шахсӣ бунёд гардида, саноати дорутайёркунӣ ба маротиб рушд намудааст.

-Яке аз ҷанбаҳои муҳим рушди соҳаи фарҳанг, туризм, омӯзиш ва тарғиби мероси ғании гузаштагон мебошад, ки ба он дар Ӯзбекистон аҳамияти хос дода мешавад. Созмони байналмилаии ЮНЕСКО дар ин кишвар  дар ду сол як маротиба ҷашнвораи “Таронаҳои Шарқ”, фестивалҳои “Лазгӣ” “Шашмақом” “Ҳунармандӣ”, “Санъати бахшигӣ”-ро дар шаҳрҳои Самарқанд, Урганч, Шаҳрисабз, Қӯқанд ва Тирмиз роҳандозӣ менамояд,-иброз дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Вай таъкид варзид, ки дар Ӯзбекистон бори аввал “Рӯзи дӯстии халқҳо” ҷашн гирифта шуд. Ин рӯзро тамоми мардуми сермиллати Ӯзбекистон бо хушнудӣ қайд карданд. Вай зикр намуд, ки барои ҳифзи фарҳангу забон, расму оини намояндагони 130 миллат тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар сохтори маориф таҳсил ба 7 забон (ӯзбекӣ, русӣ, тоҷикӣ, қароқалпоқӣ,  қазоқӣ, туркманӣ, қирғизӣ) ба роҳ монда шудааст.

Ба гуфтаи сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба аксарияти давлатҳо ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, гуманитариву фарҳангиро ба роҳ мондааст ва талош менамояд, ки дар чорабиниҳои зиёди байналмилалӣ фаъолона ширкат кунад. Ин ҷумҳурӣ дар аксари кишварҳо намояндагиҳои дипломатии худро таъсис додааст ва робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро беш аз пеш тавсеа бахшидааст.

-Ин нукта боиси қайд мебошад, ки Президент  Шавкат Мирзиёев ирода ва манфиати халқҳои минтақаро ба инобат гирифта, дар ин самт сиёсати мусолиматомезро ба роҳ мондааст. Бар ин асос Ӯзбекистон бо кишварҳои ҳамсоя аз равобити дӯстона ва барои ҳарду ҷониб манфиатбахш кор мегирад. Инчунин ҷумҳурӣ ба таҳкими робитаҳои дӯстонаи ҳамҷаворӣ бо давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосаро қойил шудааст,- гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Сафири Тоҷикистон баъд аз ду сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба  кишвараш ёдовар шуд, ки барои мардуми ду кишвар хеле муҳим буд. Дар як муддати кӯтоҳ 17 гузаргоҳи сарҳадии байни ду кишвар барои рафтуомад боз гардид. Ғайр аз ин,  байни Тошканду Душанбе роҳи ҳавоӣ барқарор шуд, ки имрӯз ба нафъи мардумони ду кишвар хизмат мекунад.

Тавре ки сафири тоҷик боз ишора кард, сиёсати ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои дигари минтақа – Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Афғонистон низ ба роҳ монда шудааст. Маълум шуд, ки соли равон мубодилаи савдои  Ӯзбекистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ  ба 6 миллиард доллари амрикоӣ расидааст.

-Бемуҳобот, ин нишонаи амалӣ гардидани сиёсати дӯстонаи хориҷии мақомоти олии Ӯзбекистон бо ҳамсоягони худ мебошад,-таъкид кард Абдуҷаббор Раҳмонзода.-Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бесобиқаи кишвари ҳамсояро эътироф менамояд ва ба пешрафти он таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунад, таҷрибаи пешқадами онро дар ҳамаи соҳаҳо мавриди омӯзишу татбиқ қарор медиҳад.

Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар баҳои баланд дода, дӯстиву бародарӣ бо давлати Ӯзбекистонро хеле қадр мекунад ва ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ибрози умедворӣ кард, ки минбаъд низ ин равобити дӯстона ва бародаронаи ду кишвар барои манфиатҳои тоҷикону ӯзбекон хидмат хоҳад кард. Дар поёни суханронӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирокчиёни суҳбати мизи гирдро бо фаро расидани иди 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик намуд ва ба тамоми мардуми ин кишвар сулҳу оромӣ ва барори кор таманно кард.

Директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Анвар Носиров аз таъсиси ин суҳбати мизи гирд ба сафорати Тоҷикистон ибрози сопос намуд. Баъд афзуд, ки дар маърӯзаи Абдуҷаббор Раҳмонзода тақрибан аксари дастовардҳои Ӯзбекистони соҳибистиқлол мухтасар баён гардиданд.

-Таҳти роҳнамоии Шавкат Мирзиёев ислоҳоти доманфарох татбиқ мегарданд. Ҳоло ҷаҳон ба Ӯзбекистон бо назари дигар нигоҳ мекунад. Ростӣ, рӯҳияи Осиёи Марказӣ дар арсаи байналмилалӣ арзи вуҷуд намуд ва дӯстиву рафоқати мардуми он беш аз пеш мустаҳкам мегардад,-гуфт Анвар Носиров.

Вай инчунин ба он нукта таваҷҷӯҳро ҷалб намуд, ки бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев конфаронсҳои зиёди байналмилалӣ баргузор мегарданд ва дар он пеш аз ҳама дӯстиву рафоқат ва тавсеаи ҳамкориҳо тараннум мегарданд.

-Ба таҷлили рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон низ рӯзҳои башумрр боқӣ мондааст. Ба ин муносибат дар шахси сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ин иди бузургашон табрику шодбош мегӯям. Барои онҳо тинҷиву осудагӣ ва тандурустӣ ва барор мехоҳам,-гуфт Анвар Носиров.

Алишер Собиров-сардори шӯъбаи мероси таърихӣ ва фарҳангии Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ зимни суханронӣ гуфт, ки дар солҳои қатли оми асри гузашта намояндагони варзидаи ду халқ-ӯзбекон ва тоҷикон мавриди террору қатл қарор гирифтаанд. Онҳо афроде буданд, ки барои боло бурдани дараҷаи маънавият ва маърифати ин ду халқ метавонистанд боз бештар хидмат кунанд.

-Дар аввали солҳои навадуми асри гузашта Ӯзбекистон ба Тоҷикистон кумакҳои зиёди иқтисодӣ намуд. Зеро ин ду халқ дар масири таърих боҳам қадам задаанд ва тамоми неку бади оламро бо ҳам чашидаанд. Барои ҳамин Президент Мирзиёев барои барқарор намудани муносибатҳои миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ва беҳбуди он ҷиддан иқдом намуд, ки ҳоло самараҳои неки онро мо мебинем,-изҳор кард Алишер Собиров.

Тавре ки вай таъкид варзид, олимони ӯзбек ва тоҷик солҳои пеш равуо мекарданду робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мемонданд. Ба гуфтаи Алишер Собиров вақте ки робитаҳо барқарор гардиданд, дар Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш олимони ду кишвар гирдиҳам омаданд ва дарк намуданд, ки беҳамдигар буда наметавонанд.

-Мо тасмим гирифтаем, ки бо Донишгоҳи славянии Тоҷикистон робитаҳои ҳамкорӣ барқарор намоем. Гузашта аз ин, ман мехоҳам, ки филмҳои муштаракеро тамошо кунам, ки мисли қаблӣ синамогарони ду кишвар ба навор мебардоштанд,-ибрози умедворӣ кард Алишер Собиров.

Сафири Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба Алишер Собиров маълум кард, ки ҳоло синамогарони ду кишвар барои ба навор бардоштани филмҳои ҳунарии муштарак омодагӣ мегиранд.

Дар ин суҳбати мизи гирд раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова, шоир ва олим Ҷаъфари Муҳаммад, раиси Маркази милл-фарҳангии тоҷикони шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд-“Ориёно” Орзугул Абдураҳимова роҷеъ ба инкишофи мамлакат дар соҳои истиқлолият, эҳё шудани анъанаҳои зуллисонайнсароӣ дар байни адибони ду кишвари дӯсту бародар ва амсоли он ибрози ақида намуданд.

Ҷаъфари Муҳаммад, аз ҷумла изҳор кард, ки ҳар як намояндаи миллат бояд забони модарии худро донад ва ба он озод ҳарф занаду эҷод намояд.

-Ҳоло ҳудуди 15 нафар адибони тоҷиктабори Ӯзбекистон ба узвияти Иттифоқи нависандагони кишварамон пазируфта шудаанд. Ин падидаи хеле хуб аст, ки маҳз дар давраи истиқлол ба даст омадааст. Гузашта аз ин, дар вилоятҳои Сурхондарё, Фарғона, Самарқанд, Бухоро, шаҳри Тошканд намояндагони доираҳои адабӣ машғул ба фаъолият ҳастанд, ки ба забони тоҷикӣ эҷод менамоянд,-гуфт Ҷаъфари Муҳаммад.

Вай афзуд, ки теъдоди умумии адибон тоҷик дар Ӯзбекистон аз 500 нафар гузаштааст. Аллакай китобу маҷмӯаҳои бархе аз онҳо дар хориҷ аз кишвар-Тоҷикистон, Эрон ва мамолики Аврупо ба забонҳои гуногун ба нашр расидаанд.

-Асад Гулзодаи Бухорӣ, Чоршанбеи Деҳнавӣ, Нормурод Каримзода, Паймон, Абдулло Субҳон, Хусрави Саъдулло, Муҳаммадҷони Шодӣ ва амсоли онҳо анъанаҳои хуби шоирони равоншод Ҷонибеки Қувноқ ва Акбар Пирӯзиро идома медиҳанд,-қайд намуд Ҷаъфари Муҳаммад.

Суҳбати мизи гирд, ки сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис додааст, дар атрофи суфраи нозу неъмат идома пайдо кард.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь