Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл П. Микаллер бо шарикон ва ҷамоатҳои маҳаллӣ барои таҷлил аз барқарорсозии куҳаншаҳри Панҷакент, макони таърихии Роҳи бостонии абрешим, ки ба асри панҷум тааллуқ дорад, ҳамроҳ шуд.
Сафир Микаллер дар суханронии худ қайд кард: «Мавзеъҳои меросӣ ба мисли Панҷакент метавонанд соҳаи сайёҳиро рушд диҳанд, иқтисоди маҳаллӣ ва некӯаҳволии мардуми тоҷикро беҳтар созанд».
Сафорати ИМА, дар чаҳорчӯби барномаи Хазинаи сафирони ИМА барои нигаҳдории мероси фарҳангӣ (AFCP) ба ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони Пешсаф», грант ба маблағи 186766 доллари ИМА барои нигаҳдорӣ ва барқарорсозии ин мавзеъ ҷудо кард. Маблағгузорӣ барои кашидани панҷарадевор дар гирдогирди ёдгорӣ, инчунин ҳифз, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии чор сохтмони аслии Панҷакенти бостонӣ ҷудо шуд: 1. Маъбади зардуштии асрҳои V-VIII; 2. Боқимондаи девори мудофиавии асри V; 3. Толори меҳмонпазироӣ бо номи Рустамномаи асрҳои VII-VIII; 4. Девори мудофиавӣ-манораи кунҷӣ – асрҳои V-VIII. Бехатарй ва ҳифзи мавзеъ бо гузоштани девори периметрй таъмин карда мешавад.
Созмони «Ҷавонони Пешсаф» дар ҳамкории зич бо мақомоти маҳаллӣ ва Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент ва Саразм, лоиҳаи осори бостонии Панҷакенти қадимро амалӣ намуда, ба афзоиши сайёҳии байналмилалӣ, таваҷҷуҳи илмӣ ва рушди иқтисодӣ дар минтақа саҳм гузоштааст. Ин мавзеъ таърихи суғдиёни асрҳои V то VIII-ро нишон медиҳад ва сабти нодири зиндагии Осиёи Марказии он замон мебошад. Майдони ҳифзшуда, ки қаблан аз таъсири обу ҳаво вайрон шуда буд, акнун барои наслҳои оянда нигоҳ дошта мешавад. Дохил шудани ин мавзеъ ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО эътибори онро барои сайёҳии байналмиллалӣ боло бурда, ба ҳадафҳои дарозмуддат ва баланд бардоштани устувории фарҳангии Тоҷикистон саҳм гузоштааст. Иҷрокунанда стратегияҳои истифодаи мавод ва усулҳои анъанавиро дар раванди барқарорсозӣ, бо истифода аз хишти гилин, гил ва андова, таҳия ва татбиқ кард.