Сафири фавқуллодаи Русия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов Игор Семёнович мегӯяд, ки шомилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз зарар дида манфиати бештар дорад.
Ӯ дирӯз дар Душанбе зимни суҳбат бо хабарнигорон қайд кард, ки Тоҷикистон то ҳол пешниҳоди узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шуданашро рад накардааст ва ин пешниҳод аз ҷониби Тоҷикистон зери омӯзиш қарор дорад.
– Тоҷикистон пешниҳоди дохил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро то ҳол рад накардааст, аммо айни замон барои ин қадамро гузоштан Тоҷикистон бурду бохти шомил шудан ба ин иттиҳодро баррасӣ мекунад, – гуфт сафир.
Ба ақидаи Игор Семёнович ба Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шудан манфиатовар аст, вале дар баробари ин, аз нигоҳи сиёсӣ зиён низ дорад.
“Ман фикр мекунам, ки манфиаташ барои қарори дуруст гирифтан то ҳадде зиёд аст. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ки дар ҳолати дохил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё сиёсати ягона миёни ин кишварҳо ҷорӣ мешавад, ки ин ба манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд”, – афзуд сафир.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё соли 2014 таъсис ёфт ва нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистон ба он шомил буданд. Соли 2015 бо пайвастани Арманистон ва Қирғизистон қаламрави ин иттиҳод васеътар шуд.