Имрӯз нахустин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади адои маносики ҳаҷ озими Арабистони Саудӣ гардид. Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, зоиринро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарияти Кумита ва намояндагони сохторҳои дахлдор гусел намуданд.
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ҳар як зоирро ба манзалати сафир ва муаррифи мамлакат шуморида, аз онҳо даъват намуд, то бо одобу рафтор ва тамкини хос аз худ ва мамлакати худ хабар диҳанд.
«С. Давлатзода дар идома иброз дошт, ки бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ҳамасола барои таъмини шароити хубу арзанда барои зоирони тоҷик тадбирҳои судманд андешида мешаванд ва чунин шароити арзанда имсол низ барои ҳаҷравандагон муҳайё гардидааст», — афзуд манбаъ.
Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ бо ёдоварӣ аз сатҳи хуби муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ таъкид намуд, ки кишвари мизбон барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани мавсими имсолаи ҳаҷ омодагии ҷиддӣ дида, хизмат ба зоиронро шараф медонад.
Ёдовар мешавем, ки сафари зоирони тоҷик ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар назар аст то даҳ рӯзи дигар аз тариқи ширкатҳои ватании «Тоҷик-Эйр» ва «Сомон-Эйр» идома ёбад.