Рӯзноманигорон дар нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 2-юми феврал, баргузор гардид, хостори дидор бо роҳбари аввали ин Агентӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов буданд.
Муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Одиназода Назокат гуфт, хоҳишмандон агар як рӯз пеш номнавис шаванд, метавонанд, рӯзи шанбе ба қабули роҳбари аввал роҳ ёбанд.
Одиназода шумораи нафақагирони аз 75-сола боло дар Тоҷикистонро, ки ахиран Ҳукумати шаҳри Душанбе барои онҳо истифодаи ройгони нақлиёти ҷамъиятиро ба роҳ гузошт, 70 ҳазор нафар гуфт. Номбурда, инчунин иброз дошт, ки шумораи умумии нафақагирон дар кишвар 665075 нафаранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22137 нафар афзоиш ёфтааст.
Бино ба маълумоти Агентии мазкур, соли 2017-ум 75177 нафари нафақаи маъюбигиранда аз ташхиси такрории Хадамоти ташхиси тиббии маъюбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаштаанд. Дар натиҷаи ин ташхисҳо маъюбии 56450 нафар тасдиқ гардидааст.
– Аз теъдоди дар боло зикргардида нафақаи 12687 нафар нафақагирони маъюб пурра қатъ карда шудааст. Ба гуруҳи дигар гузаронидашудагон 7526 нафар ва ҳолатҳои солим гаштани маъбон ва ба нафақаи синусолӣ гузашта 6040 нафар мебошанд. Феълан нафақаи нафарони маъюбе, ки то гузаштан аз ташхиси такрорӣ муввақатан қатъ карда шудааст, 3725 нафарро ташкил медиҳад, – гуфт Одиназода.
Ҳамчунин, гуфта шуд, айни ҳол барои шаҳрвандоне, ки умуман дар ягон ҷой кор накардаанду дафтарчаи меҳнатӣ надоранд, бахусус, занони хонашин ва мардони бекор Ҳукумати кишвар дар ҳаҷми 93,6 сомонӣ нафақаи иҷтимоӣ муайян кардааст, ки дар баробари беҳ гардидани вазъи иқтисодӣ тағйир хоҳад ёфт.