Дар ноҳияи Бешарики вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон автобус бо 40 мусофир дар ҷӯйи канори роҳ сарозер шудааст. Хабар дода мешавад, ки автобус занону кӯдаконро барои ҷамъоварии мева мебурд.

Дар натиҷаи ин садама 7 нафар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд. Ҳодисаи мазкур 30-юми август рух додааст.

«Дар натиҷаи садама мусофирон ҷароҳат бардоштанд. Ба ҳамаи онҳо ёрии тиббӣ расонида шуд», – гуфтааст яке аз табибони бемористоне, ки мусофирон онҷо бистарӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, занону кӯдакон барои ҷамъоварии ҳосили шафтолу мерафтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь