Дар шарқи Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ 10 нафар ҷон бохтаанд, ки 4 нафари онҳо кӯдаконанд.
Ин ҳодисаи нохуш 28-уми август дар шоҳроҳи Роштқалъа-Хоруғ дар ҳудуди вилояти мухтори Кӯҳистон Бадахшон рух додааст. Ронандаи мусофирбари тамғаи “Старекс” аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадааст. Дар натиҷа мошин бо мусофиронаш ба дарёи Шоҳдара афтодааст. Дар дохили мусофирбар 13 нафар будаанд, ки аз онҳо 4 нафарашон кӯдаконанд.
Дар натиҷаи ин садама 10 нафар ҷон бохтаанд. Ҷасади ҳамаи фавтидагон пайдо карда шудааст. Се мусофир, аз ҷумла, ронандаи мошин, бо захмҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шудаанд.
Айни замон таҳқиқи ин ҳодисаи нохуш идома дорад. Дар ҷойи ҳодиса комиссияи махсус амал мекунад.
Акс аз РО
Блоки рекламавӣ