Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ фоҷеаи мудҳиш дар роҳи Душунбе-Дарвоз-Хоруғро, ки боиси ҳалокати 5 узви як хонавода шуд, шарҳ дод.

12-уми августи соли 2021 дар километри 390-уми роҳи мошингарди Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, дар ҳудуди деҳаи Вишхарви ҷамоати деҳоти Дарвоз садамаи мошин ба қайд гирифта шуд.

Мошини тамғаи «Lexus 470», ки аз ҷониби як сокини деҳаи Бағуши ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошими ВМКБ идора мешуд, бо сабабҳои номаълум  дар дарёи Панҷ сарозер шудааст. Ҳангоми ҳодиса дар ин мошин 4 нафар мусофир ва ронанда, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, сафар доштанд. Онҳо ҷанозаи як зани 74-соларо барои анҷоми маросими гӯручӯб ба ноҳияи Ишкошим интиқол медоданд. Дар ҳодиса ҳамаи ин панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.

Баъди дарёфти хабари фоҷеа дастаи имдодгарони Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Онҳо ҳамроҳ бо аҳолии маҳал ҷасади ду нафар аз мусофиронро пайдо ва аз об берун оварданд. Ҷустуҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудагони дигари ин рӯйдоди мудҳиш идома дорад. Мақомоти салоҳиятдор сабабҳои ин садамаро муайян мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь