Бар асари бархӯрди шадиди таксии «16 16» бо мошини «Леганза Ланос» аввалӣ ду ғел хӯрда, ба ҷӯйбори канори роҳ сарозер шудааст.
Нимаи аввали имрӯз, 2-юми сентябр, дар маҳаллаи Корвон ба самти шаҳраки «Гулбутта»-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт садамаи нақлиётӣ рух дод, ки боиси чапа шудани таксии «16 16» ва ҷароҳат бардоштани ду мусофири он гашт. Мусофири «Леганза» аз қисмати сар ҷароҳат бардоштааст. Захмиён ба бемористон расонда шуданд.
Ронандаи автомашинаи «Леганза Ланос» дар суҳбат гуфт, таксӣ аз маҳаллаи Корвон ба самти муқобили роҳ баромада, мехост ба сӯи шаҳр ҳаракат кунад, бархӯрд ба вуқуъ омадааст. Бино ба қавли ин ронанда, таксӣ аз кӯчаи ногаҳон пайдо шуда, хостааси фаврӣ кӯчаро убур кунад. «Ин дар ҳолест, ки ронанда бояд аввал ба самти рост мегашт ва баъдан ба самти муқобил тоб мехӯрд. Ман интизор надоштам, ки таксӣ роҳро убур мекунад».
Ронандаи таксии «16 16», ки аз ҳодисаи рухдода мутаассир буд, қазияро шарҳ надод ва танҳо гуфт, ки мусофиронаш сиҳату саломатанд.
Садамаи нақлиётиро кормандони бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи Фирдавсӣ тафтиш доранд ва сабабу омилҳои садамаро мушаххас мекунанд.