– Дирекори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом қайд кардааст, ки маълумоти охирин дар бораи таъсири воксин бар зидди коронавирус умедворкунанда аст, – хабар медиҳад Deutsche Welle.

“Бино ба натиҷаи охирин дар санҷиши воксин, ки маълумоти мусбат дод, метавон дар охири ин “нақби дарозу торик” ба рӯшание расид. Айни ҳол умедвории воқеӣ вуҷуд дорад, ки воксинҳо дар якҷоягӣ бо тадбирҳои андешида дар соҳаи тандурустӣ ба хотима ёфтани дунёгир шудани COVID-19 кумак хоҳанд кард”,- гуфтааст Тедрос.

Раҳбари СҶТ кишварҳои сарватмандро барои кӯмаки пулӣ ба кишварҳои камбизоат таклиф кардааст: “Ин як амали хайрия нест, балки роҳи зудтарин ва оқилонатарин барои хотима додани сирояти вирус ва рушди иқтисодиёти ҷаҳон мебошад”.

Бино ба гуфтаи ӯ, барои иҷрои барномаи бо ин ҳадафҳо таҳияшуда дар соли ҷорӣ 4,3 миллиард доллар лозим аст. Инчунин, ӯ қайд кардааст, ки ин маблағҳо барои интиқол ва хариди миқдори зиёди воксинҳо, озмоишҳо ва доруҳо ҷудо карда мешаванд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар охири ҳафта якбора чанд ширкат аз рушди озмоишҳои муваффақонаи воксинҳои таҷрибавӣ, ки онҳо таҳия кардаанд, хабар доданд.

Инчунин, зикр кардан бамаврид аст, ки бино ба хабари Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, шумораи сироятёфтагони коронавирус дар тамоми ҷаҳон 59 628 581 нафар, фавтидагон 1,4 млн нафар ва шифоёфтагон 38 170 806 нафарро то 24-уми ноябр ташкил мекунанд.

Гулрӯ Суҳробзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь