Имрӯз Шарқу Ғарб мафҳуми суннатии худро аз даст дода ва минтақагароӣ ва ба навъе қорагароӣ ба ҷои он қарор гирифтааст. Қудратталабӣ ва якҷонибагароӣ рӯ ба завол буда ва гузариши низоми байналмилалӣ ба сӯи дунёи чандқутбӣ ва бозтақсими қудрат ба суди кишварҳои мустақил раванди ғайриқобили иҷтиноб маҳсуб мегардад. Дар чунин шароите ҳифзу тақвияти сулҳ дар қораи муштараки мо-Осиё на як интихоб, балки зарурат аст. Созмони ҳамкории Шанхайро ба воқеъ метавон яке аз намунаҳои муваффақи эътилофҳои минтақавӣ донист. Ин Созмон эътилофе аз маҷмӯаи кишварҳои ҳамфикр аст, ки ба дунболи барқарории назму ҳуввияти ҷадиди осиёӣ бидуни мудохилаи қудратҳои фароминтақавӣ мебошанд.  

Нақши барҷастаи ин Созмон дар арсаи муносиботи байналмилалӣ вақте беҳтар ошкор мегардад, ки бидонем беш аз 40 дар сади аҳолии дунё дар кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай зиндагӣ мекунанд ва ҳудуди 25 дар сади тавлиди маҷмӯи маҳсулоти нохолиси дунё ба кишварҳои узви ин Созмон тааллуқ дорад. Ҳаҷми иқтисоди кишварҳои узви Созмон 20 трилион доллар эълом шудааст, ки нисбат ба 20 соли гузашта 13 баробар шудааст. Аз он ҷо ки Ҷумҳурии Исломии эрон ҳамвора аз гуфтугӯ, музокира ва дипломатия бо дар назар доштани усули асосии ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла эҳтироми мутақобил ба ҳокимияту якпорчагии сарзаминӣ бо ҳама кишварҳо истиқбол ва рӯйкардҳои якҷонибаро рад мекунад. Бинобар ин талош барои пайвастан ба Созмони ҳамкории Шанхайро ба унвони яке аз афзалиятҳои аслии худ дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ таъйин намуд ва ин амр соли гузашта бо шурӯи раванди узвияти доимии Эрон амалӣ шуд.

Дар ин росто мувофиқат бо оғози раванди узвияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай ҳамзамон бо сафари ҷаноби оқои доктор Раисӣ ба Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкат дар иҷлоси сарони кишварҳо дар сентябри соли 2021 як дастоварди муҳими дипломатӣ буда ва нишонгари ҷиддияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайгирии сиёсати хориҷии ”мутавозин, таомули ҳушманд, дипломатияи фаъол ва пӯё” ва идеяи “нигоҳ ба Осиё”аст. Ҳамчунин ин дастовард гоми муҳиме дар тавсеаи ҳамкориҳо ва муносиботи кишварамон бо аъзои Созмон дар ҳамаи ҷанбаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ хоҳад буд.

Акнун аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо баҳрагирӣ аз зарфият ва имкониятҳои азими ҳамкориҳои чандҷониба метавонанд навидбахши ояндаи равшан барои миллатҳои минтақа бошанд. Ин қобилиятҳо Созмон ва аъзои онро дар баробари чолишҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ пойдору устувор мекунад. Барномарезӣ барои осонсозии сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои муштарак ва мутақобили иқтисодӣ, ки ба тавсеаи бодавом ва амнияти пойдори минтақа меанҷомад, бидуни фароҳам кардани заминаҳои амниятӣ муяссар нахоҳад буд. Бинобар ин барои расидан ба ин ҳадаф, мебоист таҳдидот ва чолишҳои муҳими амниятии минтақа ҳамчун шароити буҳронӣ дар Афғонистон ба суръат мавриди таваҷҷуҳи ҳамсоягон ва аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қарор гирад.

Зарфиятҳои бузурги иқтисодӣ ва имтиёзҳои нисбӣ дар ҳар як аз кишварҳои узви Созмон, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб карда ва фурсатҳои камназиреро барои пайвандҳои стратегӣ ва муносиботи бештар миёни аъзо эҷод мекунад. Дар ҳамин росто имтиёзҳои нақлиётӣ ва ҷуғрофӣ ба воситаи ҳамсоягӣ бо ду паҳнои обии баҳри Хазар ва Халиҷи Форс ва имкони баҳрагирии кишварҳои узв ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай аз қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон барои интиқоли молу энергия ба бозорҳои ҷаҳонӣ, яке аз заминаҳои судманд дар ҳамкориҳои стратегии миёни Эрон ва Созмон аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони қутби коридорҳои иртиботии Авруосиё ва ҳалқаи васли тарҳҳои зербиноии минтақа метавонад аз тариқи коридори Шимол-Ҷануб маркази васли  Ҷанубу Шимоли Авруосиё бошад ва Осиёи Марказӣ ва Русияро ба Ҳинд пайванд диҳад. Эрон дар масири яке аз муҳимтарин ва беҳтарин коридорҳои ибтикори “Камарбанд ва роҳ”, яъне коридори Чин-Осиёи Марказӣ-Ғарби Осиё қарор дорад ва метавонад пули иртиботии Шарқу Ғарби Авруосиё бошад. Дар як соли гузашта ин масир ба шакли роҳи оҳан ё таркибӣ фаъол шудааст. Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони узви масъулиятпазир дар минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, зарфиятҳо ва тавонмандиҳои бисёре барои ҳамкориҳои минтақавӣ дорад. Дар миёни онҳо метавон ба амнияту суботи пойдор, манбаҳои бойи энергия, ҷозибаҳои гардишгарии беназир, имтиёзоти пайвастагии ҷуғрофӣ ва ҳамбастагии миллӣ, пайвандҳои густурдаи таърихӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои узв ва нозири Созмон ва низ заминаҳои фарҳангии ғанӣ, ки монеи рушди тафаккуроти ифротгароӣ дар минтақа аст, ишора кард.

Дар миёни ҳашт шарики умдаи содиротии Эрон, кишварҳои Чин, Ҳинду Покистон аз аъзои Созмон ба тартиб дар ҷойгоҳи аввал, панҷум ва ҳаштум ҷой доранд ва дар миёни шарикони воридотии Эрон низ Чину Ҳинд радаҳои аввал ва чорумро дар ихтиёр доранд. Дар соли 2021 тиҷорати кишварамон бо аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба 37 милиарду 167 миллион доллар расид, ки ҳудуди 30 дар сади ҳамаи тиҷорати хориҷии кишварро ташкил медиҳад. Саҳми содирот ба аъзои ин Созмон 20 миллиарду 596 миллион доллар буд ва ҳамчунин воридоти Эрон аз аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 16 миллиарду 572 миллион доллар будааст. Боло бурдани равобит ва ҳамкорӣ бо давлатҳои минтақа, хусусан дар ҷиҳати тақвияту осонсозии хатҳои иртиботӣ ва транзитӣ авлавияти болое дар сиёсатҳои Ҳукумати чаноби оқои доктор Раисӣ дорад. Эҷоди хатҳои амн, пойдор ва қобили эътимод дар масири Шимол-Ҷануб ва бо истифода аз зербиноҳои фаъол дар бандарҳои ҷанубӣ, бахусус бандари уқёнусии Чобаҳор, ҷузви сиёсатҳои стратегии Эрон дар ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва низ густариши табодулоти тиҷоратии фаъол бо кишварҳои ҳамсоя аст.

Узвияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай бо дар назар гирифтани усули Инқилоби исломӣ, ки дар Қонуни асосӣ дарҷ шудааст, ҷилвае аз Истиқлоли кишвар ва дар ҷиҳати таъмини манфиатҳои кишварамон бо дар назар гирифтани иззат, ҳикмат ва маслиҳат будааст. Дар ҳамин росто Вазорати корҳои хориҷӣ дар тули як соли гузашта тамомии зарфиятҳои тахассусии худро барои анҷоми ҳамоҳангиҳои лозим бо дигар ниҳодҳои дахлдори дохилӣ ва дабирхонаи Созмони ҳамкории Шанхай ба кор гирифтааст, то фароянди ҳуқуқӣ ва идории такмили раванди ҳамаҷонибаи узвият дар кутоҳтарин замони мумкин ба саранҷом бирасад. Сафари ҷаноби оқои доктор Раисӣ ба Узбекистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, фурсати муҳиме барои пешбурди дипломатияи Авруосиёии Ҷумҳурии Исломии Эрон арзёбӣ шуда ва албатта сафари расмии дуҷониба ба Узбекистон ва имзои 19 санади муҳими ҳамкорӣ дар ҳузури сарони ду кишвар ва ҳамчунин ҳузур дар Самарқанд-зодгоҳи шуарои бузурги шеъри форсӣ барои ҳайати эронӣ ширинии дучандоне хоҳад дошт.

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён,

вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь