Тезиси ходими барҷастаи давлатӣ Ҳайдар Алиев «Мунсубияти миллӣ барои ҳар инсон манбаи ифтихор аст. Ман ҳамеша ифтихор доштам ва имрӯз низ ифтихор дорам, ки ман озарбойҷонӣ ҳастам”- ин даъвати доҳиёнаест, ки ба муттаҳид кардани озарбойҷониҳои тамоми ҷаҳон дар атрофи ғояҳои озарбойҷонӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манофеи миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ нигаронида шудааст.
Бояд қайд намуд, ки даврони Ҳайдар Алиев дар масири таърихи чандинасраи давлатдории Озаройҷон басо муҳим, беназир ва ивазнашаванда аст. Ҳар як марҳалаи ин давра солномаи томи таърихи навини Озарбойҷон мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки 15 июн – Рӯзи наҷоти миллии ҳалқи Озарбойҷон – яке аз саҳифаҳои дурахшонтарини ин таърих мебошад, рӯзест, ки ба ояндаи хушбахтонаи Озарбойҷониҳои тамоми ҷаҳон асос гузоштааст. Танҳо бо шарофати пешвои бузург ин санаи муҳими таърихи пуршарафи давлатдории Озарбойҷон арзи ҳастӣ намуд. Пас аз баргаштани Пешвои миллат ба сари қудрат, заминаи комёбиҳоро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар мафҳуми ваҳдату ягонагии миллӣ ташкил дод.
Маҳз бо шарофати нобиғаи замон Ҳайдар Алиев мафҳуми “озарбойҷонӣ” ҳамчун ғоя ташаккул ёфта ваҳдат ва манфиатҳои миллӣ арзишмандтарин сарвати маънавию идеологӣ гардиданд.
Озарбойҷон 18 октябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро барқарор намуд. Аммо дар солҳои аввали истиқлолият дар кишвар бӯҳрони ҳукумати мушоҳида шуда, таҷовузи арманиҳо идома дошт. Миёни гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида барои сарварии кишвар мубориза мерафт. Таҷовузи Арманистон ва сарварони ғайрикасбии кишвар онро ба гирдоби нобудшавӣ наздик намуданд. Аллакай тобистони соли 1993 дар Озарбойҷон хатари воқеии оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омад.
Дар ин давраи бисёр душвор барои кишвар, бо дархости қатъии мардум рӯзи 9 июн Ҳайдар Алиев аз Нахҷувон ба шаҳри Боку омада, дар як муддати кӯтоҳ тавонист хатари ҷанги шаҳвандиро дар Озарбойҷон бартараф намояд.
Ҳайдар Алиев 15 июни соли 1993 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб шуд. 3 октябри соли 1993 ва 11 октябри соли 1998 Ҳайдар Алиев президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб шуд.
Бад-ин тариқ 15 июн дар таърихи ҳалқи Озарбойҷон ҳамчун Рӯзи наҷоти миллӣ ҷой гирифтааст. 15 июни соли 1997 парлумони кишвар ин санаро рӯзи ҷашнӣ эълон намуд.
Нақшаҳои азиму глобалие, ки Ҳайдар Алиев дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар амалӣ намуд, арзишмандтарин дастоварди мардуми Озарбойҷон мебошад. Ҳайдар Алиев як ҷузъи таърихи Озарбойҷон аст ва фаъолияти пурсамари ӯ бо сарнавишти ҳар як озарбойҷонӣ рабте дорад. Бозгашти Ҳайдар Алиев ба сафи раҳбарӣ барои Озарбойҷон наҷоти воқеӣ буд.
Ҳайдар Алиев ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар тӯли умри худ ба қуллаҳои дастнорасе баромад, мероси сиёсии ӯ дар таърихи Озарбойҷони соҳибистиқлол осори амиқ гузошт. Дар айни замон сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев – идомаи фаолияти азимест, ки Ҳайдар Алиев барои эҳёи ислоҳоти демократӣ, рушди ҷамъиятию иқтисодии кишвар, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва боз ҳам мустаҳкам намудани истиқлолияти Озарбойҷон шурӯъ намуда буд.
Дар натиҷаи татбиқи бомуваффақияти ин сиёсат Озарбойҷон ба давлати босуръат рушдёбандаи муосир табдил ёфта, нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ рӯз то рӯз меафзояд ва он тӯли давраи гузашта ба комёбиҳои ҳангуфти иқтисодӣ ноил гардид.
Имрӯз мардуми Озарбойҷон итминон доранд, ки Озарбойҷони соҳибистиқлол дар партави ғояҳои Ҳайдар Алиев ва таҳти сарварии Президент Илҳом Алиев қуллаҳои боз ҳам баландтарро фатҳ хоҳад кард.
Рӯзи наҷоти миллии халқи Озарбойҷон
Блоки рекламавӣ