Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар Рӯзи модар бо иштироки раиси вилояти Хатлон ва доираи васеъи занон баргузор гашт.

Дар ин ҷамъомади идона бонувони собиқадор, меҳтарони хизмати давлатӣ, фаъолон аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд. Ба ҳамаи онҳо аз номи раиси вилояти Хатлон ҳадяҳои баҳорӣ тақдим карда шуд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар суханронии худ  таъкид намуд, ки таҷлили Рӯзи модар дар оғози фасли зебои сол, баҳори некпай ҳамчун рамзи сарсабзӣ, садоқату муҳаббат ба зиндагӣ, ободиву осудагӣ ва равшангари ҳаёти осоишта буда, аз бузургии занону модарон башорат медиҳад.

Қайд гардид, ки имрӯзҳо бонувони вилоят номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ баҳри ободу назаррабо гардидани кишвар талошу заҳмат мекашанд.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар партави ғамхориҳои Сарвари давлат мақому манзалати занону модарон ҳамчун офарандагони зиндагӣ, тарбиятгарони наслҳо ва неруи муқтадири пешбарандаи ҷомеа хеле устувор гардид. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дар назардошти хизматҳои арзандаи занону бонувон таъкид намуданд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ минбаъд густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеа қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.

Дар ҳамоиш қайд гардид, ки дар самти дастгирӣ ва таъмини зиндагии шоистаи занон давоми 5 соли охир 105 лоиҳаи пешниҳоднамудаи бонувони соҳибкор оид ба рушди соҳибкорӣ, хоҷагидорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси гармхонаҳо барои парвариши лимӯ ва сабзавоткорӣ, ташкили коргоҳҳои адрасбофӣ, чакандӯзӣ, дӯзандагӣ, пазандагӣ, асалпарварӣ, моҳипарварӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба маблағи як миллиону 250 ҳазор сомонӣ грантҳои раиси вилояти Хатлон дастгирӣ ёфта, ин ташаббусу ғамхориҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор бонувони фаъолу хизматнишондода, собиқадорони арсаи меҳнат ифтихорномаю сипосномаҳои раиси вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь