Рӯзи 17 октябр дар таърих ҳамчун рӯзи ҷиллои парчами Тоҷикистон дар ҷаҳон ва қораи Осиё боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз парчами тоҷик сараввал дар мусобиқоти қораи Осиё оид ба бокс ду маротиб ба минбари фахрӣ баромад. Парчами тоҷик бо меҳнатҳои ду муштзани сарзамини кӯҳҳои осмонбӯси мардуми тоҷдор, яке Абдураҳим Ёқубов – қаҳрамони Осиё оид ба бокс миёни наврасон дар вазни 54кг ва дигаре Абубакр Муродов – ноиб қаҳрамони Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон дар вазни 52кг аввал ба тахти марказӣ ва бадан ба дасти рости тахт баромад.
Осиё дар ин рӯз боз як маротиби дигар аз ҳунари олии қаиқрони умедбахши тоҷик Шаҳриёр Даминов бо соҳиб гардидани унвони ноиб қаҳрамон дар намуди варзиши Каноэи якнафарӣ (С1) дар масофаи 3600метр дарак гардида, кафкӯбӣ намуд.
Ниҳоятан шоми ин рӯзи некро вориси шоҳ “Сомон” бо номи ҳамоно Сомонаш ин маротиб ҷаҳонро аз кӣ будани тоҷикон водор намуд. Номи Сомон Маҳмадбеков ҳамакнун на танҳо дар тамоми расонаҳои ватанӣ балки ҷаҳонӣ сарлавҳаҳоро зеб медиҳад. Зеро ин медали тиллоӣ аввалин дар таърихасту ҷилояш номи тоҷикро обруманд хоҳад намуд. Метабрикем мардуми шарафманди тоҷикро бо ин мардони номбардораш ва умеди пирӯзиҳои оянда мекунем. Ҳамакнун қаҳрамониро аз мунтахаби навраси то 17-солаи тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразилия интизорем.
Манбаъ: varzishtv.tj
Раиси мух,тарам дар ч,авониашон муштзан буданд, пас аз зарбаи сахт расидан дар них,ияи биниашон аз варзиш даст кашида, ба сиесат ворид гаштанд.Бинобар ин зах,мати варзишгаронро нодида гирифтан наметавонанд.